Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд

Дар ҷумҳурии Чувашистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ кор дар соҳаҳои тиҷорати чаканаи машрубот ва тамоку, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, таксӣ, ҳамчунин дар бахшҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва фароғат манъ мешавад. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки фармони дахлдорро Олег Николаев, раиси ҷумҳури Чувашистон имзо кардааст. Гуфта мешавад, ки […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар ҷумҳурии Чувашистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ кор дар соҳаҳои тиҷорати чаканаи машрубот ва тамоку, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, таксӣ, ҳамчунин дар бахшҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва фароғат манъ мешавад.

Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки фармони дахлдорро Олег Николаев, раиси ҷумҳури Чувашистон имзо кардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин кор коҳиши қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират ва таъмини кор барои шаҳрвандони дохилӣ аст.

Бар асоси фармони дахлдор, корфармоён бояд то 1-уми апрел шумораи коргарони хориҷии худро бознигарӣ кунанд ва онҳоро ба муқаррароти нав мутобиқ созанд.

Гуфта мешавад, ки ин мамнуъият ба шаҳрвандони Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон, ҳамчунин мутахассисони баландихтисос, ки ҳаққи кор бидуни иҷозатнома дар Русияро доранд, дахл надорад.

Бояд гуфт, Чувашистон яке аз камтарин минтақаҳои Русия буд, ки дар он ҷо кор дар соҳаҳои гуногун барои муҳоҷирон манъ нашуда буд. Акнун ин минтақа низ ба рӯйхати минтақаҳое шомил шудааст, ки муҳоҷирон дар онҳо қариб дар ҳеҷ куҷо кор карда наметавонанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.

Чанде пеш расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки соли гузашта дар беш аз нисфи ин кишвар ва ё 47 минтақаи он кор барои муҳоҷирон манъ ва маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Маҳдудиятҳои зиёдтар дар минтақаи Краснодар (дар 99 соҳа) ҷорӣ шуда, дар ҷойи дуюм вилояти Твер (82) қарор дорад. Аз ҳама камтар маҳдудиятҳо дар вилояти Воронеж (10 соҳа) амал мекунанд.

Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.