Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод

Исфандиёри Саъдулло, раиси нави Хадамоти алоқа тасдиқ кард, ки ҳоло  “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё бор намефиристад ва гуфт, ки байни ин корхона ва Почтаи Русия “баъзе мушкилот” ва “ихтилофи назар” вуҷуд дорад. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, ки мушкили байни ин ду почта аз моҳи июли соли гузашта […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Исфандиёри Саъдулло, раиси нави Хадамоти алоқа тасдиқ кард, ки ҳоло  “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё бор намефиристад ва гуфт, ки байни ин корхона ва Почтаи Русия “баъзе мушкилот” ва “ихтилофи назар” вуҷуд дорад.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, ки мушкили байни ин ду почта аз моҳи июли соли гузашта ба миён омадааст ва ҳоло аз пайи рафъ кардани он чораҳо андешида истодаанд.

Ба гуфтаи Исфандиёри Саъдулло, байну ду ниҳоди хидматрасон “дар мавриди ҳисоббаробаркуниҳо ихтилофи назар ҳаст”.

“Ман дар “Почтаи тоҷик” будам ва бо фаъолияти онҳо шинос шудам. Мушкилоти зиёд ҳаст. Мушкилиҳо ҳалли худро талаб менамояд. Фаъолияти “Почтаи тоҷик” ва “Почтаи Русия” каме дуруст ба роҳ монда нашудааст. Мо ин масъаларо аллакай баррасӣ кардем. Роҳҳои ҳаллашро меёбем ва (фаъолияти дуҷонибаро – аз идора) барқарор мекунем”, – гуфт раиси нави Хадамоти алоқа.

Ӯ дар мавриди шикояти сокинон аз нархи гарони хидматрасонии “Почтаи тоҷик” гуфт, ки “нархномаро Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин мекунад” ва “дар ин байн хидматрасониҳои ширкатҳои миёнаравро низ ба назар мегиранд”.

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2024 хонандагон бо исроли мактуб ба идораи “Азия-Плюс” нигаронӣ карда буданд, ки “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё ҳар гуна бори дигар равон намекунад.

Барои санҷиши вазъ мо ба чанд шуъбаи “Почтаи тоҷик” дар Душанбе муроҷиат кардем. Дар ҳама нуқтаҳо бори моро барои ба Русия равон кардан қабул накарданд ва гуфтанд, ки Русия “борҳои “Почтаи тоҷик”ро қабул намекунад”.

Аммо он замон, Фаридун Қурбонов, директори “Почтаи тоҷик” дар суҳбати телефонӣ ин мушкилро рад карда, изҳор дошта буд, ки “мактубҳо ба Русия фиристода мешаванд”.

Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон, дар “Почтаи тоҷик” тавсия додаанд, ки ба хадамоти хусусии “Почтаи аср” муроҷиат кунанд, аммо нархи ин почтаи хусусӣ чанд маротиба гаронтар аст. Мо он вақт кӯшиш крадем фаҳмем, ки чаро почтаи давлатӣ ин хидматрасониро иҷро карда наметавонад, аммо почтаи хусусӣ метавонад – ҷузъиётро дар ин матлаб мутолиа кунед.

Ҷолиб ин аст, ки почтаи давлатӣ интиқоли борро 30-50 рӯзи корӣ ваъда медиҳад, почтаи хусусӣ онро дар 5-7 рӯз мерасонад, гарчанде ҳарду аз як ҳавопаймо истифода мебаранд.

Нархи хидматрасонии Почтаи тоҷик низ нисбат ба дигар почтаҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст. Барои санҷиш, мо қимати ирсоли мактуб ва борро аз пойтахтҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав муқоиса кардем.

Нархи ирсоли мактуб дар Туркманистон дар сомонаи “Почтаи Туркманистон” нишон дода нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.