Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Рӯзҳои 28-29 январ дар шаҳри Маскав ҷиҳати иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти роҳбарияти олии ду кишвар машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират, таъминот бо кор ва таълими шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид. Тавре ки намояндагии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия хабар медиҳад, вохӯрии аввал рӯзи 28 январ бо муовини вазири маорифи Русия […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рӯзҳои 28-29 январ дар шаҳри Маскав ҷиҳати иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти роҳбарияти олии ду кишвар машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират, таъминот бо кор ва таълими шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид.

Тавре ки намояндагии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия хабар медиҳад, вохӯрии аввал рӯзи 28 январ бо муовини вазири маорифи Русия Андрей Корнеев доир гардида, дар он аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ ва муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода иштирок карданд.

Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва сафорати ҷумҳурӣ дар Русия ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни гуфтушнидҳо масоили таъсиси Марказ барои кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе, фаъолияти панҷ мактаби муштараки Тоҷикистону Русия, мутобиқ гардонидан ва интиқоли китобҳои дарсӣ ба забони русӣ, таълими таърих дар Тоҷикистон, инчунин ташкили сафари вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба қабули кӯдакони муҳоҷирони тоҷик ба мактабҳои Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рӯзи 29 январ машваратҳои васеи байниидоравӣ оид ба масоили муҳоҷират доир гардида, дар ҷараёни он доир ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати таҳти назорат қарор доранд, баргузории муоинаи тиббии шаҳрвандон дар Тоҷикистон, бекор кардани манъи вуруд барои ҳамватаноне, ки барои қонуншиканиҳои начандон ҷиддӣ ҷорӣ шуда буданд, табодули назар сурат гирифт.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо масоили имзои Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия, инчунин таълими касбии тоҷикистониён ба ихтисосҳои кории серталаб дар Русияро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, чорабинӣ дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия баргузор шуда, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.