Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”

Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ (Оҷонсии ҳавонавардии  шаҳрвандӣ) дар нишасти матбуотӣ гуфт, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ мешаванд, дар муқоиса ба рӯзҳои баъди ҳодисаи “Крокус” дар чанд моҳҳои охир коҳиш ёфтааст.  Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан ҳамарӯза тақрибан 20 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ мешуданд, ҳоло ин рақам ба 12 нафар дар […]

Asia-Plus

Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ (Оҷонсии ҳавонавардии  шаҳрвандӣ) дар нишасти матбуотӣ гуфт, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ мешаванд, дар муқоиса ба рӯзҳои баъди ҳодисаи “Крокус” дар чанд моҳҳои охир коҳиш ёфтааст. 

Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан ҳамарӯза тақрибан 20 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ мешуданд, ҳоло ин рақам ба 12 нафар дар як рӯз коҳиш ёфтааст. Яъне дар соли гузашта ҳар моҳ тақрибан 360 тоҷик аз Русия ихроҷ ва ба Тоҷикистон омадаанд.

Бо вуҷуди пойфишории хабарнигорон, Ҳабибулло Назарзода рӯзи 29-уми январ рақами дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки давоми соли гузашта аз Русия депорт шудаанд, зикр накард. 

Ин дар ҳолест, ки худи ӯ дар нишасти матбуотии моҳи июли соли гузашта гуфта буд, ки давоми 6 моҳи аввали соли 2024 аз фурудгоҳҳои Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистон “депортатсия” шудаанд.

Ҳамчунин, он замон вазири пешини меҳнату муҳоҷират Гулнора Ҳасанзода иттилоъ дода буд, ки дар ин давра 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд.

Қаблан, хабаргузории "ТАСС" бо такя ба мақомоти ин кишвар иттилоъ дода буд, ки дар соли гузашта беш аз 80 ҳазор муҳоҷири корӣ бо далели нақзи қоидаҳои будубоши муҳоҷират аз Русия ихроҷ шуданд. Аксаран муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таъмини рӯзгори худ ба Русия мераванд.

Ҳабибулло Назарзода сабаби аслии ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро “номутобиқатии ҳуҷҷатҳои онҳон” маънидод кард. Вай таъкид кард, ки риояи қоидаҳои муҳоҷират ва дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳо барои пешгирии чунин ҳолатҳо муҳим аст.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд. 

Аз ҷумла давоми гузашта дар беш аз 10 минтақаи Русия корҳои гуногун барои муҳоҷиронро манъ карда, қонунҳои дигари ин кишварро пурзӯр карданд.

Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.