“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд

Мақомоти маҳалии Суғд дарёфти ҷасади як занро аз дарёи Сир, ки боиси нигаронӣ ва сару садо байни сокинон гардида буд, шарҳ доданд. Онҳо гуфтанд, зан кушта шудааст, вале куштори ӯ ба ҳодисаҳои Конибодом рабте надорад. Дарёфти ҷасади ин зан дар рӯзҳои ҳодисаҳои Конибодом боиси сару садо байни мардум шуд ва овозаҳо паҳн гардид, ки зан […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомоти маҳалии Суғд дарёфти ҷасади як занро аз дарёи Сир, ки боиси нигаронӣ ва сару садо байни сокинон гардида буд, шарҳ доданд. Онҳо гуфтанд, зан кушта шудааст, вале куштори ӯ ба ҳодисаҳои Конибодом рабте надорад. Дарёфти ҷасади ин зан дар рӯзҳои ҳодисаҳои Конибодом боиси сару садо байни мардум шуд ва овозаҳо паҳн гардид, ки зан эҳтимол сокини ин шаҳр ва идомаи кушторҳои бераҳмона аст.

Муҳиддин Абдусамадов, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти матбуотии ҳукумати ин ноҳия аз ин зан Нориниссо Раззоқоваи 37-сола, сокини ҷамоати Хистеварзи Бобоҷон Ғафуров ном бурд, ки муваққатан дар шаҳри Бӯстон мезист.

Ӯ гуфт, ки баъди дарёфти ҷасад маълум шуд, ки зан кушта шудааст.

Ба иттилои вай, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду нафар ҳамчун гумонбар дар куштори ин зан боздошт гардида, тафтишот идома дорад.

Муҳиддин Абдусамадов бо ишора ба он ки марҳум вақтҳои охир дар шаҳри Бӯстон мезист, аз додани ҳар гуна ҷузъиёти дигар, аз ҷумла омилҳои куштор худдорӣ кард.

Аз ин рӯ, хабарнигори “Азия-Плюс” имрӯз, 31-уми январ дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Бӯстон ҷузъиёти ин ҳодисаро пурсид.

Муҳаммадшоҳ Искандарзода, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр гуфт, ки “ҳодиса рӯзи 21-уми декабри соли 2024 рух дод ва як зану шавҳар ба буғи кардану куштан ва ба дарёи Сир партофтани ин зан гумонбаранд".

“Дар пайи бурдани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ санаи 22-уми декабр шахсияти ҷасад маълум ва 23-уми декабр ҷиноят пурра ошкор гардид. Маълум шуд, ки ӯ оилаи дуввуми як мард буд ва онҳо дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекарданд. Вақте оилаи якуми ин мард аз Русия бармегардад, аз муносибати онҳо хабардор шуда, инро манъ мекунад. Ҳамсари якуми мард, Нориниссоро ба хонааш дар ҷамоати Хистеварз даъват мекунад. Дар натиҷа, муноқиша сар мезанад ва зану шавҳар якҷоя Нориниссоро буғӣ карда, мекушанд ва ба Сирдарё мепартоянд”, – шарҳ дод ҳодисаро Муҳаммадшоҳ Искандаров.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади Нориниссо Раззоқова замоне пайдо шуд, ки дар шаҳри Конибодом кушторҳои пайдарпай мардуми минтақаро ба ташвиш гузошта буд. Азбаски дарёи Сир аз назди шаҳри Конибодом мегузарад, гумон мешуд, ки ин ҳодисаҳо бо ҳам алоқаманд аст.

То ҳол назари пайвандони зани кушташуда ва гумонбарон дар бораи ҳодиса маълум нест.

Дар бораи хроникаи кушторҳо дар Конибодом, гумонбарони боздоштшуда ва андешаи пайвандони онҳо, иттилои расмии мақомот дар матлаби “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио