“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ

Asia-Plus

Як гурӯҳ сокинон ба “Азия-Плюс” шикоят доранд, ки зиёда аз чор сол аст, дар интизори хонаҳои худ ҳастанд. Ширкати сохтмонӣ, ки мебоист манзилҳоро соли 2021 ба соҳибонашон месупорид, ҳанӯз корҳои сохтмониро ба анҷом нарасондааст. Намояндагони ширкат изҳор медоранд, ки давоми шаш моҳи оянда сохтмон пурра ба анҷом мерасад. Аммо ба қавли шикояткунандагон, ин аввалин ваъдаи биносоз нест, ки амалӣ намешавад.

 

“8 сол боз иҷорашин ҳастем”

Дар мактубе, ки ба унвони хабаргузории “Азия-Плюс” омад ва дар зери он дастикам 20 тан имзо гузоштаанд, зикр мешавад, ки онҳо аз соли 2017 бо ширкати сохтмонии “СИ Саъдуллоев М.А.” шартнома баста, маблағи хонаҳоро пардохт кардаанд, вале бо гузашти қариб 8 сол бино пурра сохта нашуда, саргардониашон ҳамоно идома дорад.

Бинои “Бухоро 2”, ки дар наздикии “Бухоро Палас” дар Душанбе сохта мешавад, мебоист то соли 2021 пурра омода мешуд. Аммо ин кор ба таъхир афтод ва ҳоло чор сол боз идома дорад.

“Мо аз соли 2017 мунтазирем, хона надорем, маҷбурем, ки иҷора гирем”, – мегӯянд саҳмдорони бино.

Сокинон мегӯянд, нархи иҷора аз 3000 то 5000 сомонӣ аст, ки барои аксари онҳо ин нарх миёншикан мебошад. Аксарияти шикояткунандагон омӯзгорон, табибон ва хидматчиёни давлатӣ мебошанд, ки ба гуфтаи худашон, маоши баланд надоранд.

Саҳмдорон шикоят доранд, ки Мумтоз Саъдуллоев, роҳбари ширкати сохтмонӣ, бо онҳо мулоқот намекунад ва тамоми гуфтугӯҳою ваъдаҳо то ин муддат танҳо тавассути писари ӯ, Барзу Саъдуллоев, сурат гирифтааст.

Сокинон мегӯянд, ки моҳи августи соли 2024 Барзу Саъдуллоев бо онҳо мулоқот дошт ва ҳатто забонхат дод, ки сохтмон то октябри соли 2024 анҷом меёбад. Вале то ҳол ягон пешравии назаррас дида намешавад.

Ҳоло саҳмдорон аз шаҳрдори Душанбе ва дигар масъулин хоҳиш доранд, ки ба ин мушкил расидагӣ кунанд.

 

Ваъдаи масъулини ширкат: “то шаш моҳхонаҳоро месупорем”

Ба гуфтаи масъулини ширкати сохтмонии “СИ Саъдуллоев М.А.”, пас аз шикоятҳои зиёд, Барзу Саъдуллоев аз ҷониби Раёсати ВКД дар Душанбе боздошт шудааст. Акнун масъулияти ширкатро дигар саҳҳомони он ба дӯш гирифтаанд.

Намояндагони ин ширкат нахостанд дар назди дурбин суҳбат кунанд, аммо Файзиддини Маҳмадалӣ, яке аз масъулини ширкати сохтмонии “СИ Саъдуллоев М.А.” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “корҳои сохтмонии бино тезонида шудааст ва давоми шаш моҳи оянда пурра анҷом меёбад”.

“Сохтмон қариб ба итмом расидааст. Яке аз лифтҳо насб шудааст, дуюмаш фармоиш дода шудааст. Ҳоло хатҳои обу барқро насб карда истодаем. Пас аз анҷом ёфтани ин корҳо, то шаш моҳи оянда, ҳатто пештар аз ин мо хонаҳоро  пурра ба сокинон месупорем”, – гуфт Файзиддини Маҳмадалӣ.

 

“Ин маърифати ҳуқуқӣ аст”

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар нишасти матбуотии ахири худ оид ба кашолкории ширкатҳои сохтмонӣ сухан карда, таъкид намуд, ки дар чунин ҳолат шаҳрвандон бояд аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунанд.

“Вақте шаҳрвандон бо соҳибкор шартнома мебанданд, он ҷо муҳлат муайн шудааст – 2 ё 3 сол ва худи шаҳрвандон бояд ба шартнома илова кунанд, ки ҳангоми саривақт ба анҷом нарасонидани корҳои сохтмонӣ барои ҳар як рӯзи кашолкорӣ фоизи муайяни маблағ ситонида шавад. Соҳибкорон дар шарнома ин гуна бандро ворид мекунанд ва дар ҳолати сариват насупоридани пули хона, фоиз ситонида мешавад. Ин маърифати ҳуқуқӣ аст”,- гуфт Мирзозода.

 

Ҳуқуқшинос: “Сокинон метавонанд ба суд муроҷиат кунанд”

Ҳуқуқшиносон бар онанд, ки сокинон дар чунин ҳолат метавонанд тариқи додгоҳ манзилҳои худро талаб кунанд.

Шоира Давлатова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки “агар сокинон маблағи пурраи хонаҳоро пардохт карда бошанд, онҳо метавонанд ба суд муроҷиат кунанд ва ҳамчун соҳибмулк ба расмият дароянд”.

“Агар маблағи хона қисман пардохт шуда бошад, сокинон бояд бақияи маблағро супоранд, сипас метавонанд ба суд шикоят баранд”, – меафзояд ҳуқуқшинос.

Давлатова мегӯяд, ки тибқи қонунҳои амалкунанда, агар сохтмон бе ягон асос ба таъхир афтад, саҳмдорон ҳақ доранд аз ширкат ҷуброни зарари расонидашударо талаб кунанд.

“Сокинон набояд дигар мунтазир бошанд, балки бояд аз тариқи додгоҳ ҳаққи худро талаб кунанд”, – тавсия медиҳад ҳуқуқшинос.

 

Мушкилоти доимии Тоҷикистон

Таъхири сохтмони биноҳо мушкилоти нав нест. Дар чанд соли охир садҳо оила бо чунин мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, бархе ширкатҳои сохтмонӣ пас аз гирифтани маблағи саҳмдорон сохтмонро кашол медиҳанд ва бо баҳонаҳои гуногун корро суст мекунанд. Ин ҳолат барои садҳо оила мушкил эҷод кардааст.

Ҳоло саҳмдорони "Бухоро 2" умедворанд, ки масъулин, аз ҷумла шаҳрдории пойтахт ба додашон мерасанд ва онҳо дар ниҳоят манзили худро мегиранд. Аммо боз ҳам таъкид менамоянд, ки “чунин ваъдаҳои хонасозонро зиёд шинидаву то ҳол вориди хонаи худ нашудаанд. Аз ин лиҳоз, танҳо ба дахолати мақомот умед бастаанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...