“Мехоҳем Рустами Эмомалӣ ба додамон расад”. Даъвои сокинон алайҳи як ширкати биносоз дар Душанбе

Як гурӯҳ сокинони шаҳри Душанбе даъво доранд, ки ширкати биносози “Рушди Душанбе” онҳоро фиреб дода, ду сол боз бехонаву дар гузоштааст. Намояндагони ширкат ҳозир нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд. Сокинон мегӯянд, ки охири соли 2017 ширкати сохтмонии “Рушди Душанбе” хонаҳои онҳоро тахриб карда, ба ҷояш ду бинои 20 ва 22 ошёна сохтааст. Дар асоси шартнома, […]

Як гурӯҳ сокинони шаҳри Душанбе даъво доранд, ки ширкати биносози “Рушди Душанбе” онҳоро фиреб дода, ду сол боз бехонаву дар гузоштааст. Намояндагони ширкат ҳозир нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд.

Сокинон мегӯянд, ки охири соли 2017 ширкати сохтмонии “Рушди Душанбе” хонаҳои онҳоро тахриб карда, ба ҷояш ду бинои 20 ва 22 ошёна сохтааст.

Дар асоси шартнома, сохтмони бино бояд соли 2021 ба анҷом мерасид. Аммо то ҳол бино пурра сохта нашудааст. Бар замми ин, ду сол ба ин сӯ сохтмони он боздошта шудааст.

Соҳибмулкон мегӯянд, масъулини ширкат ҳамоно ваъда медиҳанд, ки сохтмони биноро ба поён расонида, ба сокинон месупоранд, вале “дар амал ҳеҷ корашон маълум нест”.

Масъулини ширкат ба тамосҳои мо ҷавоб надоданд ва ҳозир нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пештар зимни суханронии худ дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе маҳз аз мавқуф гузоштани корҳои сохтмонӣ дар иншооти пойтахт нигаронӣ карда буд.

Бояд гуфт, ки ин авалин ҳолати шикояти сокинон аз кори ширкатҳои сохтмонӣ нест. Қаблан низ сокинони Душанбе аз кори ширкатҳои сохтмонӣ шикоят доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.