Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 100 км қитъаи дигари баҳсноки сарҳадро муайян кардаанд

Айни замон ҷараёни таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад. Ҷонибҳо то ин дам шарҳу тавзеҳи лоиҳавии боз 101,86 километр қитъаҳои баҳсноки сарҳадро ба имзо расонидаанд. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи ним сол 5 вохӯрии комиссияи топографӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Айни замон ҷараёни таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад.

Ҷонибҳо то ин дам шарҳу тавзеҳи лоиҳавии боз 101,86 километр қитъаҳои баҳсноки сарҳадро ба имзо расонидаанд. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи ним сол 5 вохӯрии комиссияи топографӣ гузаронида шуда, “гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ҷараён доранд”.

“Намояндагони комиссия ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон гуфтушунид мекунанд”, – иброз дошт Хоҷазода ва изҳори итминон кард, ки мушкилот роҳи ҳалли худро меёбад.

Аввали соли 2022 Ориф Хоҷазода хабар дода буд, ки аз 1 майи соли 2022 мувофиқи санад (протокол)-и №39, Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километри сарҳадро мушаххас карданд.

“То имрӯз аз 970 километр сарҳади умумӣ бо Қирғизистон 519 километраш таъъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Минбаъд барои ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои марбут ба мушкилоти таъйин ва аломатгузории сарҳад кор бурда мешавад”, – зикр карда буд ӯ он замон.

Дар бораи вохӯрии комиссияҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона қариб ҳар моҳ хабар дода мешавад, лекин бо баҳонаи тавофуқи дуҷониба доир ба ифшо накардани маълумот то хотимаи гуфтушунидҳо, ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо, дар бораи натиҷаҳои он чизе намегӯяд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда – зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.

Ҳаллу фасл нашудани ин масъала борҳо ба сар задани муноқишаҳо байни сокинони маҳаллӣ ва хидматчиёни ҳарбии ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон боис мегарданд. Муноқишаи ахир моҳи сентябри соли 2022 рух дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио