spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баҳси сокинони як бино бо ширкати сохтмонӣ дар Душанбе: кӣ ҳақ? Шаҳрдорӣ чӣ мегӯяд?

Як гурӯҳ сокинони биное дар кӯчаи Бухоро 35 шаҳри Душанбе ба “Азия плюс” муроҷиат карда, иддао доранд, ки ширкати сохтмонии “Шоҳ Палас” ҳуқуқи онҳоро поймол карда истодааст. Онҳо шикоят карданд, ки ин ширкат ба ҷойи бинои онҳо бинои баландошёна месозад, вале шартҳои онҳоро дар мавриди ба хона таъмин каран ба назар намегирад.

Яке аз сокинони ин бино Анварой Усмонова 73 сол дорад ва беш аз 50 сол аст, ки дар бино бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, ба зиндагӣ дар инҷо одат кардааст. Ба истиснои оилаи ӯ, боз 22 хонаводаи дигар инҷо ба сар мебаранд. Аммо аз сабаби фарсуда шудани бино ва дар маркази шаҳр қарор доштанаш, бо қарори шаҳрдорӣ бояд ин хонаҳо тахриб ва ба ҷойи онҳо баландманзилҳо муосир сохта шаванд. Вале қисме аз сокинони инҷо норозӣ аз онанд, ки ширкати биносозии “Шоҳ Палас”, ки масъули сохтмони бинои нав аст, талаботи онҳоро қонеъ намекунад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Анварой Усмонова зимни суҳбат бо мо гуфт, ки ширкати сохтмонӣ бо ҳар роҳе ба онҳо фишор оварда истодааст, ки хонаҳояшонро ҳарчӣ тезтар тарк намоянд, то сохтмони боноро оғоз кунанд.

“Рӯзи якум намояндагони ширкат омада, бе машварат ва бе пешниҳоди қарори дахлдори шаҳрдорӣ дар мавриди сохтмони бинои нав гирду атрофи биноро бо тунука печониданд. Инҷо кӯдакон ҳастанд, одамони маъюб зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз хона баромада наметавонанд, мехоҳанд ақалан аз тиреза берунро назорат кунанд, вале намояндагони ширкат онҳоро аз ҳамин неъмат ҳам маҳрум карданд. Аллакай ду хонаро тахриб намуданд. Ҳама ҷой вайрону валангор, қоидаҳои бехатарӣ риоя намешавад”,-изҳори нигаронӣ кард А. Исмоилова.

Ин сокини бино талаб дорад, ширкати сохтмонӣ аз ошёнаҳои 4-5 барояш хона диҳад ва ҳамчунин маблағи иҷорапулии сесоларо дар ҳаҷми 3-4 ҳазор сомонӣ барои ҳар моҳ барояш бипардозанд.

Ин сокини солхӯрдаи бино мегӯяд бо ду сунҳор (келин) ва 6-7  набера дар инҷо зиндагӣ мекунад, бо 1800 сомоние, ки ширкат барои онҳо ҳамчун иҷорапулӣ дар як моҳ ва он ҳам барои танҳо се моҳ медиҳад, намедонад, ки дар куҷо хонаи иҷора бигиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вале як масъули ширкати биносозии “Шоҳ Палас”, ки нахост аз ӯ ном бибарем, даъвои сокинони биноро рад мекунад ва мегӯяд, онҳо омодаанд, ки ҳамаи талаби онҳоро, ки дар асоси қонун ва инсоф аст, ба назар бигиранд.

Ин масъул гуфт, онҳо бо ҳар соҳибхона ҷудогона вохӯрда, пешниҳоди худро расониданд. Аксарият талаботи онҳоро қабул карда, хонаҳоро холӣ карданд ва ба онҳо тибқи ҳуҷҷатҳо аз рӯи масоҳати манзилашон дар ҷойи мувофиқ хона доданд. Вале баъзе сокинон ба ширкат шартҳои ғайри воқеӣ мегузоранд, ба мисли то 500 доллар иҷораи моҳона ва ё барои қитъаҳои заминихудсарона дар гирду атрофи бино ғасбкардаашон, ки ҳуҷҷате надоранд, маблағ талаб карда истодаанд.

Вай гуфт касеро фишор наовардаанд ва иҷборан аз манзилашон пеш намекунанд.

“Дар ҷое, ки мо ҳоло бинои истиқоматии нав месозем, ҳамагӣ 23 хонавода зиндагӣ мекунанд ва то ҳоло бо 8 нафар шартнома имзо шудааст, 4 нафар дигар, аллакай розигии худро додаанд. Мо ба онҳо пешниҳод намудем, ки аз 2 то 2,5 ҳазор сомонӣ барои иқомати муваққатӣ иҷорапулӣ медиҳем-гуфт ин масъули ширкати сохтмонӣ.

Даъво бар сари камиву зиёдии иҷорапулӣ то омода шудани хонаҳо дар ҳолест, ки маблағи ягонаи муқарраршуда барои иҷора дар Душанбе вуҷуд надорад. Вобаста ба масоҳати хона ва маҳҳали бино нархи иҷораҳо фарқ мекунад. Ширкатҳои биносозӣ ҳам барои сокинони биноҳо аз рӯи ин принсипҳо иҷорапулӣ медиҳанд.

Дар ин макони баҳсӣ, ширкати сохтмонии “Шоҳ Палас” бояд 5 бинои истиқоматии 15-17 ва 19 қабатӣ бунёд кунад. Бошандагони инҷо аз он шикоят доранд, ки хонаҳои онҳо дар ошёнаҳои якуму дуввум қарор дошт, аммо ширкати биносоз ба онҳо аз қабатҳои  10 ба боло  хона медиҳад.

“Нагуфтанд, ки масоҳати хонаҳои медодаашон чӣ қадар аст. Чизе ки дар “техпаспорт” дарҷ шудааст, ҳисоб намекунанд. Мегӯянд, тибқи ҳуҷҷатҳои кӯҳна, ки дар онҳо даҳлез ва анборхона ҳисоб карда нашудааст, ба мо хона медиҳанд. Бигзор ҳавлӣ ва дигар чизҳое, ки дар берун аз хона аст ҳисоб накунанд, аммо ҳар чизе, ки дар дохил аст, бояд ҳисоб кунанд”,-мегӯяд А. Исмоилова.

Вале масъули ширкат гуфт, ки онҳо аз ошёнаи 13 поён хонаҳои масоҳаташ хурд надоранд ва ҳамаи ин хонаҳо аз 80 метри мураббаъ калонтаранд. Аз ин рӯ, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ду ошёна-12-13 -ро махсус барои сокинони бино ҷудо кунанд, то вобаста ба масоҳати хонаашон ва ҳамчунин масоҳати иловагӣ, хона диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Алихон Чӯпонов, яке аз дигар сокинони ин бино гуфт, ки баҳси онҳо бо ширкати сохтмонӣ моҳи апрели соли равон замоне, ки намояндагони ширкат бидуни қарори шаҳрдорӣ омада, ба тахриби бино сар карданд, оғоз шуд. Аммо намояндаи ширкат мегӯяд, барои истиқоматкунандагони бино ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии сохтмониро аз ҷумла, қарори шаҳрдориро дар мавриди иҷозаи сохтмон пешниҳод намудааст, вале сокинон ба он эътибора надоданд.

Чӯпонов аз фоизи иловагие, ки ширкат бар иловаи масоҳати хонаҳои онҳо медиҳад, нигаронӣ кард ва гуфт, ки барои хонаҳое, ки масоҳаташон калон аст 20 фоиз ва барои хонаҳое, ки масоҳаташ камтар аст 8 фоиз медиҳанд, ки ин хеле кам аст.

– Чизи дигар, ин мушкили маблағи иҷора аст, онҳо ҳоло ба мо танҳо 3-моҳа иҷорапулӣ ва он ҳам 1800 сомонӣ дода истодаанд, ки ин кам аст. Пули иҷораро вобаста ба масоҳат бидиҳанд, агар хона калон бошад 4-5 ҳазор сомонӣ ва он ҳам барои 2-3 сол бидиҳанд. Агар хурд бошад 2,5-3 ҳазор сомонӣ. Шароити шаҳрро ба назар бигиранд, ки дар ягонҷо иҷора гирифта тавонем,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Аммо намояндаи ширкат мегӯяд, ки илова ба масоҳати умумии манзили ҳар як бошандаи бино, ҳамчунин барояшон 20% дигар дар таносуб ба масоҳати доштаашон низ медиҳанд. Масалан, агар масоҳати хона яке  100 метри мураббаъ бошад, иловатан барояш 20 метри мураббаи дигар медиҳем, ки дар маҷмуъ 120 метри мураббаъ мешавад.

Вай иддаои  сокинон мабнӣ бар инро, ки ба онҳое, ки масоҳати хонааш майдатар аст, иловатан ҳашт дар сад медиҳанд рад кард ва шартномаҳоу мактубҳоеро ба мо нишон дод, ки дар он гуфта мешуд, ки бар иловаи хонаҳояшон ширкат ба ҳамаи сокинони 20 дар сади дигар медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ ҳамчунин гуфт барои иҷорапулӣ 2,5 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардаанд ва агар масоҳати хонаи касе калонтар бошад, омодаанд зиёдтар диҳанд.

– Ягона чизе ки инҷо мушкил ба бор овардааст, ин худсарона аз худ кардани як миқдор заминҳои гирду атрофи бино аст. Баъзе сокинон он заминҳоро ба ошхона ва амборхона табдил додаанд, ки барои он ҳеч ҳуҷҷате надоранд. Бар ивази минтақаҳои азхудкардаашон онҳо аз мо маблағҳои иловагӣ ва дар бинои нав ҷой мехоҳанд. Вале мо, танҳо дар асоси ҳуҷҷат ба мардум хона пешниҳод карда метавонем,-гуфт намояндаи ширкат.

Ҳоло гирду атрофи бинои мазкурро ширкати “Шоҳ Палас” аллакай бо девори тунукаӣ, ки  тақрибан 6 метр  баландӣ  дорад, пӯшонидаст. Сокинон мегӯянд, аз он ки пушти тирезаҳояшон пӯшида шудааст, нороҳатанд. Вале намояндаи ширкати биносоз мегӯяд пӯшидани давру бари бино талаботи кори сохтмонӣ аст ва ба хотири бехатарии худи мардум аст.

Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳусния Одинамамадова мегӯяд, ширкати сохтмонӣ замоне ҳақ дорад гирду атрофи биноро маҳкам  кунад, ки ҳамаи сокинон биноро тарк карда бошанд. Дар акси ҳол ин ба ҷони сокинони ин бино хатар дошта метавонад. Маҳкам намудани гирду атрофи хона ба он маъно аст, ки онҳо аллакай сохтмонро шурӯъ кардаанд.

– Мутаассифона, бо сабаби дар ҳоли баҳс қарор доштани сокинони бино ва ширкати сохтмонӣ чунин ҳолатҳо вақтҳои охиро зиёд ба чашм мерасад. Ширкати сохтмонӣ чунин корро ба хотири он мекунад, ки ҳар чи тезтар сокинон биноро тарк кунанд. Сокинон метавоаннад барои чунин кори ширкати сохтмонӣ ба мақомоти масъули ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд,-гуфт Ҳ. Одинамамадова.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сокинони бино гуфтанд, ки ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардаанд, онҳоро муовини раиси шаҳр пазируфт ва ваъда дод, ки охири ҳафта масъулиниро мефиристад ва ба додашон мерасанд, вале инак се ҳафта гузашт, кас аз шаҳрдорӣ  ба суроғи онҳо наомдааст.

– Чанд рӯз пештар тариқи мактуби расмӣ ба раиси шаҳр муроҷиат кардем, вале аз он ҳам ҷавоб нест. Ба роҳбари ширкати биносозии “Шоҳ Палас” ҳам мактуб навиштем, он ҳам беҷавоб монд, -мегӯяд Алихон Чӯпонов.

Бо вуҷуди нигаронии сокинон, намояндаи “Шоҳ Палас” мегӯяд кӯшиш мекунанд ҳуқуқи соҳибмулкон поймол нашавад ва омодаанд шартҳои мардумро бишнаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...