Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст

Соли 2024 дар Тоҷикистон 4 млн 351 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба 104 ҳазор тонна камтар аст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар. Шералӣ Кабир, вазири саноат дар нишасти матбуотии 6-уми феврал ин коҳишро бо афзоиши зиёди истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон шарҳ дод. Ӯзбекистон яке аз ду […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2024 дар Тоҷикистон 4 млн 351 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба 104 ҳазор тонна камтар аст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.

Шералӣ Кабир, вазири саноат дар нишасти матбуотии 6-уми феврал ин коҳишро бо афзоиши зиёди истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон шарҳ дод.

Ӯзбекистон яке аз ду воридкунандаи асосии ин маҳсулот аз Тоҷикистон (дар баробари Афғонистон) ба шумор меравад.

Ба иттилои Вазорати саноат, содироти семент ба Ӯзбекистон дар соли 2024 то 260,2 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки соли 2023-юм 342 ҳазор тонна буд. Дар маҷмуъ, содироти семент аз Тоҷикистон дар соли гузашта 655 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2023 ба 286 ҳазор тонна ё 30,4% камтар аст.

Гуфта мешавад, ки интиқоли ин маҳсулот ба Ӯзбекистон аз моҳи ноябри соли 2024 амалан қатъ шудааст, зеро ҳукумати ин кишвар арзиши барасмиятдарории гумрукии сементи тоҷикро қариб 9 маротиба баланд бардоштааст – аз 35 доллар то 300 доллар барои як тонна.

Ба гуфтаи содиркунандагони тоҷик, ин тағйирот маҳсулоти онҳоро дар бозори Ӯзбекистон ғайрирақобатпазир кардааст.

Содиркунандагони тоҷик мутмаинанд, ки ин тасмим бо ташаббуси корхонаҳои сементбарории Ӯзбекистон гирифта шудааст.

 

Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш

Эҳтимол меравад, ки боло бурдани пардохти гумрукии сементи тоҷикро истеҳсолкунандагони ӯзбек пешниҳод карда бошанд, аммо татбиқи чунин тадбирҳо танҳо бо қарори ҳукумати кишвар имконпазир аст. Бо вуҷуди ин, ҳуҷҷати расмии марбут ба ин қарор дар манбаъҳои боз дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол, вазири саноати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки воқеан ҳукумати Ӯзбекистон ҳуҷҷати дахлдорро бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони маҳаллии худ қабул кардааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори худ воридоти сементро аз 1 май то охири ҳамон сол муваққатан манъ карда буд. Аммо пас аз се ҳафта ин маҳдудият бекор карда шуд.

Дар моҳи июли соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон низ содироти сементро муваққатан манъ кард, аммо баъдан ин маҳдудият бардошта шуд. Он замон роҳбарияти Вазорати саноат шарҳ дод, ки манъи содирот ҳамагӣ панҷ рӯз амал кард ва сабаби он норасоии сементи босифат дар сохтмонҳои стратегӣ буд.

Таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон яке аз таъминкунандагони асосии семент ба Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.