Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад

Аз 8-ум то 11-уми феврал дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво то -32 дараҷа поён равад. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ки ҳарорат дар ин давра якбора тағйир ёфта, шабона дар водиҳо -1+4 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ -8 -13 […]

Аз 8-ум то 11-уми феврал дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво то -32 дараҷа поён равад.

Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ки ҳарорат дар ин давра якбора тағйир ёфта, шабона дар водиҳо -1+4 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ -8 -13 ва дар шарқи ВМКБ то -32 дараҷа сард мешавад.

Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 0+5º ва дар шарқи ВМКБ 10-15º сард пешгӯӣ мешавад.

Агентӣ сокинони кишварро аз эҳтимоли яхбандӣ дар баландкӯҳҳо огоҳ карда, ҳушдор додааст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои кишвар эҳтиёт бошанд.

Чанд рӯзи охир дар кишвар ҳаво офтобӣ буда, ҳарорат то +12+17 дараҷа гарм шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.