Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст

Тафтиши парванда оид ба содир шудани амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” ба поён расид. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС адвокати яке аз айбдоршавандагон Олег Власов иттилоъ додааст. “Корҳои тафтишотӣ аз рӯйи парванда ба анҷом расида, ҷонибҳо ба шиносоӣ бо маводи он оғоз карданд. Тибқи қонун, ин корро аввал ҷабрдидагон мекунанд, ки ҳудуди […]

Тафтиши парванда оид ба содир шудани амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” ба поён расид. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС адвокати яке аз айбдоршавандагон Олег Власов иттилоъ додааст.

“Корҳои тафтишотӣ аз рӯйи парванда ба анҷом расида, ҷонибҳо ба шиносоӣ бо маводи он оғоз карданд. Тибқи қонун, ин корро аввал ҷабрдидагон мекунанд, ки ҳудуди 1 ҳазор нафаранд. Аз ин рӯ, ба гумон аст, ки парванда ҷиҳати баррасӣ базудӣ ба додгоҳ дода шавад”, – иброз доштааст адвокат.

Дар ҳамин ҳол, РИА Новости хабар медиҳад, ки вакилони дифои айбдоршавандагон ба додгоҳ ирсол шудани парванда дар бораи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро охири моҳи март – як сол гузаштан аз ин ҳодиса интизоранд. Ин маълумотро ба хабаргузорӣ боз як адвокат тасдиқ намуда, зикр кардааст, ки ба додгоҳ расидани парвандаро то 25 март интизор аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 сурат гирифт.

Ин ҳамла яке аз бузургтарин амали террористӣ дар Русияи муосир ба шумор рафта, масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Вилояти Хуросон” – шуъбаи созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон ба дӯш гирифт.

Дар робита ба даст доштан дар ин амал мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 нафарро ҳамчун гумонбар ба содир намудан ё мусоидат ба ҳамла боздошт намуданд, ки аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Баъдан раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи 27 нафар иштирокчии парванда изҳори назар кард. Ғайр аз ин, хабар дод ӯ, бар асари ин амали террористӣ 146 нафар ҳалок ва боз 551 каси дигар осеб диданд.

Қобили зикр аст, ки дар Русия пас аз амали террористӣ сангинтар шудани реҷаи кор ва будубоши муҳоҷирон ба мушоҳида мерасад.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.