Хадамоти зиддиинҳисорӣ “монополист”-и бозори сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро гуфт

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Наздики 45% бозори сӯзишвории кишвар ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад. Дар ин бора Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дирӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ба кишвар 1 млн 52,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 829,4 млн доллар ворид гардидааст, ки қариб нисфи он ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад. 

Ба гуфтаи Қурбонзода, 45,8%-и ин сӯзишвории бензин ва 45,3% сӯзишвории дизелии соли гузашта воридгардида ба ин ширкати тааллуқ дорад. Яъне дар ин қисмати бозор “Газпромнефт-Тоҷикистон” инҳисоргар аст.

Агар ҳиссаи як ширкат дар бозори ин ё он маҳсулот аз 35% бештар бошад, он инҳисоргар дониста шуда, уҳдадор аст нархи маҳсулоти худро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа кунад. 

Қисмати дигари бозори бензин чунин тақсим шудааст:

“Имрӯз Хадамот дар фаъолияти ин ширкат мушкиле намебинад ва шояд дар ин самт тағйироте нашавад. Давоми соли гузашта ширкати наве, ки метавонад ба ҳолати бозори маҳсулоти нафтии мо таъсиррасон бошад, ба қайд гирифта нашудааст. бозор озод аст ва дилхоҳ ширкат метавонад ба воридоту фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ машғул шавад” – илова кард Қурбонзода.

Бояд гуфт, аз моҳи январ “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар қатори ширкати россиягии “Газпром нефт” зери таҳрими Вазорати иқтисоди ИМА қарор дорад. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, ин таҳримҳо ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон таъсире намерасонанд, вале мутахассисон мегӯянд, минбаъд ширкатҳое, ки бо “Газпромнефт-Тоҷикистон” ҳамкорӣ доранд низ зери хатари ҷоришавии таҳрим қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...