Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд

Соли 2024 дар Тоҷикистон тибқи фармони президент нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ба андозаи 30% аз ҳаҷми муқарраршуда индексатсия карда шуданд. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Ӯ гуфтааст, ки ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106,17 сомонӣ (тақрибан 10 доллар) […]

Соли 2024 дар Тоҷикистон тибқи фармони президент нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ба андозаи 30% аз ҳаҷми муқарраршуда индексатсия карда шуданд. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ӯ гуфтааст, ки ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106,17 сомонӣ (тақрибан 10 доллар) зиёд карда шуд – аз 368,9 сомонӣ то 475,07 сомонӣ расонида шуд.

Ба иттилои вай, дар натиҷаи татбиқи фармон ҳаҷми нафақаи 775 ҳазор нафақахӯр, ки нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегиранд, индексатсия шуд:

– нафақаҳои суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ то 475,75 сомонӣ баробар карда шуд;

– нафақаҳои меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ то 583,27 сомонӣ баробар карда шуд;

– нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ то 349,45 сомонӣ баробар карда шуд.

“Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, шуруъ аз моҳи июли соли 2024 нафақаҳо бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегарданд”,- гуфтааст Абдураҳмон Ҳалимзод.

Шумораи умумии нафақахӯрон дар кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2025,   836 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар мебошад.

Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола-  34 034 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл-1168 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 77 502 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 21 нафар ва шумораи  иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ- 140 нафарро ташкил медиҳад.

Соли 2024 барои нафақагирон  хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.