Хадамоти зиддиинҳисорӣ “монополист”-и бозори сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро гуфт

Наздики 45% бозори сӯзишвории кишвар ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад. Дар ин бора Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дирӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ба кишвар 1 млн 52,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 829,4 млн доллар ворид гардидааст, ки қариб нисфи он ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад.  […]

Наздики 45% бозори сӯзишвории кишвар ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад. Дар ин бора Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дирӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ба кишвар 1 млн 52,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 829,4 млн доллар ворид гардидааст, ки қариб нисфи он ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад. 

Ба гуфтаи Қурбонзода, 45,8%-и ин сӯзишвории бензин ва 45,3% сӯзишвории дизелии соли гузашта воридгардида ба ин ширкати тааллуқ дорад. Яъне дар ин қисмати бозор “Газпромнефт-Тоҷикистон” инҳисоргар аст.

Агар ҳиссаи як ширкат дар бозори ин ё он маҳсулот аз 35% бештар бошад, он инҳисоргар дониста шуда, уҳдадор аст нархи маҳсулоти худро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа кунад. 

Қисмати дигари бозори бензин чунин тақсим шудааст:

“Имрӯз Хадамот дар фаъолияти ин ширкат мушкиле намебинад ва шояд дар ин самт тағйироте нашавад. Давоми соли гузашта ширкати наве, ки метавонад ба ҳолати бозори маҳсулоти нафтии мо таъсиррасон бошад, ба қайд гирифта нашудааст. бозор озод аст ва дилхоҳ ширкат метавонад ба воридоту фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ машғул шавад” – илова кард Қурбонзода.

Бояд гуфт, аз моҳи январ “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар қатори ширкати россиягии “Газпром нефт” зери таҳрими Вазорати иқтисоди ИМА қарор дорад. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, ин таҳримҳо ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон таъсире намерасонанд, вале мутахассисон мегӯянд, минбаъд ширкатҳое, ки бо “Газпромнефт-Тоҷикистон” ҳамкорӣ доранд низ зери хатари ҷоришавии таҳрим қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.