Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд

Asia-Plus

Соли 2024 дар Тоҷикистон тибқи фармони президент нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ба андозаи 30% аз ҳаҷми муқарраршуда индексатсия карда шуданд. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ӯ гуфтааст, ки ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106,17 сомонӣ (тақрибан 10 доллар) зиёд карда шуд – аз 368,9 сомонӣ то 475,07 сомонӣ расонида шуд.

Ба иттилои вай, дар натиҷаи татбиқи фармон ҳаҷми нафақаи 775 ҳазор нафақахӯр, ки нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегиранд, индексатсия шуд:

– нафақаҳои суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ то 475,75 сомонӣ баробар карда шуд;

– нафақаҳои меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ то 583,27 сомонӣ баробар карда шуд;

– нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ то 349,45 сомонӣ баробар карда шуд.

“Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, шуруъ аз моҳи июли соли 2024 нафақаҳо бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегарданд”,- гуфтааст Абдураҳмон Ҳалимзод.

Шумораи умумии нафақахӯрон дар кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2025,   836 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар мебошад.

Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола-  34 034 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл-1168 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 77 502 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 21 нафар ва шумораи  иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ- 140 нафарро ташкил медиҳад.

Соли 2024 барои нафақагирон  хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...