Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Барои ҷавобгӯ набудани маҳсулот ба талаботи бехатарӣ ва фиреби истеъмолкунандагон нисбати 7 соҳибкор дар Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ҳамаи онҳо ҷазо гирифтаанд. Дар ин бора Ғайбулло Муҳидинов, сардори Раёсати “Тоҷикистандарт” дар вилояти Суғд хабар дод.

Номбурда гуфт, ки нисбати 1 соҳибкор додгоҳ барои шартан татбиқ накардани ҷазо ба мӯҳлати 3 сол ҳукм татбиқ кард. Шаш нафари дигар бо маблағҳои гуногун ҷарима шуданд. Ин ду банди қонунгузорӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои номбурда, соли гузашта, ин ниҳод беш аз 1000 ҳуқуқвайронкунии риоя накардани қоидаҳои бехатарии маҳсулотро дар фаъолияти соҳибкорон ошор кардааст. Маблағи умумии ҷаримаҳои татбиқгардида дар ин самт 253 ҳазору 152 сомониро ташкил додааст.

Ин масъул афзуд, ки теъдоди қонунвайронкуниҳо нисба ба соли 2023 146 адад ва мабалағи ҷаримаҳо бештар аз 46 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

“Нисбати дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда шуд. Микдори зиёди маҳсулотҳои пастсифат ва мӯҳлати истеъмолаш гузашта бо иштироки комиссия нобуд карда шуда, якчанд номгуйи маҳсулоти пастсифати ошкоршуда дар раванди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад”-афзуд Муҳидинов.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1000 тонна (1 миллиону 11 ҳазору 801 кг) маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2023наздики 500 тонна кам аст. 

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо мақсади “ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулотҳои пастсифат ва хатарнок” мутахассисони “Тоҷикстандарт”  миқдори зиёди молу маҳсулоти пастсифат, истеъмолашони гузашта ва бесертификатро ошкор ва нобуд мекунанд. Аммо ҳамасола даҳҳо ҳолати ворид ва фуруши ин навъи маҳсулот ошкор мешавад, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...