Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон

Барои ҷавобгӯ набудани маҳсулот ба талаботи бехатарӣ ва фиреби истеъмолкунандагон нисбати 7 соҳибкор дар Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ҳамаи онҳо ҷазо гирифтаанд. Дар ин бора Ғайбулло Муҳидинов, сардори Раёсати “Тоҷикистандарт” дар вилояти Суғд хабар дод. Номбурда гуфт, ки нисбати 1 соҳибкор додгоҳ барои шартан татбиқ накардани ҷазо ба мӯҳлати 3 сол ҳукм татбиқ кард. Шаш нафари дигар бо маблағҳои […]

Барои ҷавобгӯ набудани маҳсулот ба талаботи бехатарӣ ва фиреби истеъмолкунандагон нисбати 7 соҳибкор дар Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ҳамаи онҳо ҷазо гирифтаанд. Дар ин бора Ғайбулло Муҳидинов, сардори Раёсати “Тоҷикистандарт” дар вилояти Суғд хабар дод.

Номбурда гуфт, ки нисбати 1 соҳибкор додгоҳ барои шартан татбиқ накардани ҷазо ба мӯҳлати 3 сол ҳукм татбиқ кард. Шаш нафари дигар бо маблағҳои гуногун ҷарима шуданд. Ин ду банди қонунгузорӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои номбурда, соли гузашта, ин ниҳод беш аз 1000 ҳуқуқвайронкунии риоя накардани қоидаҳои бехатарии маҳсулотро дар фаъолияти соҳибкорон ошор кардааст. Маблағи умумии ҷаримаҳои татбиқгардида дар ин самт 253 ҳазору 152 сомониро ташкил додааст.

Ин масъул афзуд, ки теъдоди қонунвайронкуниҳо нисба ба соли 2023 146 адад ва мабалағи ҷаримаҳо бештар аз 46 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

“Нисбати дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда шуд. Микдори зиёди маҳсулотҳои пастсифат ва мӯҳлати истеъмолаш гузашта бо иштироки комиссия нобуд карда шуда, якчанд номгуйи маҳсулоти пастсифати ошкоршуда дар раванди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад”-афзуд Муҳидинов.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1000 тонна (1 миллиону 11 ҳазору 801 кг) маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2023наздики 500 тонна кам аст. 

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо мақсади “ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулотҳои пастсифат ва хатарнок” мутахассисони “Тоҷикстандарт”  миқдори зиёди молу маҳсулоти пастсифат, истеъмолашони гузашта ва бесертификатро ошкор ва нобуд мекунанд. Аммо ҳамасола даҳҳо ҳолати ворид ва фуруши ин навъи маҳсулот ошкор мешавад, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.