Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд

Дар Русия даҳҳо муҳоҷир шикоят кардаанд, ки онҳоро иштибоҳан ба феҳристи шахсони таҳти назорат ё “рӯйхати сиёҳ” ворид кардаанд. Дар ин бора Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба хабаргузории “Агентство” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Чупик, аксари муҳоҷирон ҳангоми дарёфти паём аз бонкҳо дар бораи баста шудани ҳисоби бонкияшон, инчунин, ҳангоми боздошт (махсусан дар марз) ва […]

Дар Русия даҳҳо муҳоҷир шикоят кардаанд, ки онҳоро иштибоҳан ба феҳристи шахсони таҳти назорат ё “рӯйхати сиёҳ” ворид кардаанд. Дар ин бора Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба хабаргузории “Агентство” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Чупик, аксари муҳоҷирон ҳангоми дарёфти паём аз бонкҳо дар бораи баста шудани ҳисоби бонкияшон, инчунин, ҳангоми боздошт (махсусан дар марз) ва ихроҷ аз кор фаҳмидаанд, ки дар ин рӯйхат номнавис шудаанд.

Чупик гуфтааст, дар ду рӯзи охире, ки феҳристи мазкур фаъол гардидааст, дастикам 31 муҳоҷир барои кумак ба ӯ муроҷиат кардаанд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ӯ гуфтааст, ки бо ҳамаи ин афрод суҳбат кардааст ва дар аксари маворид, ҳеч далели қонуние барои сабти номи онҳо дар ин феҳрист пайдо нашудааст. 

Гуфта мешавад, ки бештари ин афрод аз қарор доштани худ дар “рӯйхати сиёҳ” тавассути паёмҳои бонкҳо дар бораи масдуд шудани ҳисоби бонкияшон огоҳ шудаанд.

Валентина Чупик ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки пулҳои худро аз бонкҳо гиранд.

“Бо сабабе, ки ҳар касро бидуни далел дар ин феҳрист қарор медиҳанд, ба ҳамаи муҳоҷирон тавсия медиҳам, ки фавран пулҳояшонро аз ҳисобҳои бонкӣ гирифта, ба хона фиристанд ва танҳо маблағи мавриди ниёзи худро нигоҳ доранд”,- таъкид кардааст ӯ.

Телеграм-канали Baza, наздик ба ниҳодҳои амниятии Русия низ аз ба таври густурда масдуд шудани ҳисобҳои бонкӣ пас аз фаъол шудани рӯйхати таҳти назорат хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, садҳо шаҳрвандони хориҷӣ бо мушкили баста шудани кортҳои бонкиашон рӯбарӯ шудаанд.

Дар рӯйхат будан ё набудани худро метавонед осон ва сода тариқи Telegram-боти “Азия-Плюс” – apnamecheck_bot санҷед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.