Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд

Asia-Plus

Дар Русия даҳҳо муҳоҷир шикоят кардаанд, ки онҳоро иштибоҳан ба феҳристи шахсони таҳти назорат ё “рӯйхати сиёҳ” ворид кардаанд. Дар ин бора Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба хабаргузории “Агентство” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Чупик, аксари муҳоҷирон ҳангоми дарёфти паём аз бонкҳо дар бораи баста шудани ҳисоби бонкияшон, инчунин, ҳангоми боздошт (махсусан дар марз) ва ихроҷ аз кор фаҳмидаанд, ки дар ин рӯйхат номнавис шудаанд.

Чупик гуфтааст, дар ду рӯзи охире, ки феҳристи мазкур фаъол гардидааст, дастикам 31 муҳоҷир барои кумак ба ӯ муроҷиат кардаанд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ӯ гуфтааст, ки бо ҳамаи ин афрод суҳбат кардааст ва дар аксари маворид, ҳеч далели қонуние барои сабти номи онҳо дар ин феҳрист пайдо нашудааст. 

Гуфта мешавад, ки бештари ин афрод аз қарор доштани худ дар “рӯйхати сиёҳ” тавассути паёмҳои бонкҳо дар бораи масдуд шудани ҳисоби бонкияшон огоҳ шудаанд.

Валентина Чупик ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки пулҳои худро аз бонкҳо гиранд.

“Бо сабабе, ки ҳар касро бидуни далел дар ин феҳрист қарор медиҳанд, ба ҳамаи муҳоҷирон тавсия медиҳам, ки фавран пулҳояшонро аз ҳисобҳои бонкӣ гирифта, ба хона фиристанд ва танҳо маблағи мавриди ниёзи худро нигоҳ доранд”,- таъкид кардааст ӯ.

Телеграм-канали Baza, наздик ба ниҳодҳои амниятии Русия низ аз ба таври густурда масдуд шудани ҳисобҳои бонкӣ пас аз фаъол шудани рӯйхати таҳти назорат хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, садҳо шаҳрвандони хориҷӣ бо мушкили баста шудани кортҳои бонкиашон рӯбарӯ шудаанд.

Дар рӯйхат будан ё набудани худро метавонед осон ва сода тариқи Telegram-боти “Азия-Плюс” – apnamecheck_bot санҷед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...