Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шоми рӯзи 4 феврал Шоҳзода Карим Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон аз олам даргузашт. Ба ҷойи ӯ Раҳим Ал-Ҳусейнӣ Оқохон V рӯзи 5 феврал 50-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон эълон шуд. Дар ин матлаб мо тасмим гирифтем, оид ба тарҳҳое, ки бунёди ӯ дар Тоҷикистон амалӣ кард, маълумот диҳем.

Шурӯъ аз соли 1992, вақте ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, Бунёди Оқохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва дигар минтақаҳои кишварро маводи хӯрокворӣ тақсим мекард. Дар он солҳо Оқохони IV чандин маротиба ба Тоҷикистон омада буд. Соли 1995 ӯ бори аввал ҳамроҳи президенти Тоҷикистон аз Бадахшон боздид кард.

Саҳмгузорӣ ба рушд

Аввали солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ташкилоти Aga Khan Development Network (AKDN) ба фаъолият оғоз намуд, ки дар доираи он як қатор муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ амал мекунанд. Ӯ муассис ва президенти Донишгоҳи ҳамном дар Покистон, инчунин Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад, ки биноҳо (кампусҳо)-и он дар Қирғизистону Тоҷикистон ва Қазоқистон кушода шуданд.

Фонди Оқохон аз болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон 5 пул (купрӯк) бунёд кард. Панҷтои онҳо дар ВМКБ ва яктоаш дар ноҳияи Шамисддини Шоҳин воқеъ аст, ки ин ноҳияи вилояти Хатлонро бо мавзеи Шоҳони Афғонистон пайваст мекунад. Ин пулҳо ба рушди иқтисоди минтақа ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳо мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин аз ҳисоби Бунёди Оқохон дар ширкати энергетикии “Помир Энержи” корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода шуданд.   

ҶСК «Ширкати энергетикии Помир» ҷамъияти саҳомии кушода буда, 70%-и саҳмияҳои он ба Фонди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ дар симои ҷамъияти “Помир Инвест” ва 30%-и саҳмияҳо – ба Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ тааллуқ доранд.

Фонд ҳамчунин дар сохтмони қитъаи роҳи Мурғоб – Қулма бо роҳ ёфтан ба Чину Покистон, таъсиси Аввалин Бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон, сохтмон ва ифтитоҳи меҳмонхонаи 5-ситорадори “Серена Душанбе” саҳм гузоштааст.

Бунёди Оқохон фаъолияти ширкати Tcell-ро ба роҳ монд, ки имрӯз яке аз операторони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе бинои Маркази исмоилиён ба истифода дода шуд.

Дар соҳаи маориф Бунёди Оқохон дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA)-ро таъсис дод. Бино (кампус)-и UCA дар шаҳри Хоруғ ба донишҷӯён барномаҳои муосири таълимӣ пешниҳод намуд.

Бунёди Оқохон оид ба рушд сохтмони литсейҳо дар Ишкошиму Шуғнон ва Рӯшон, инчунин дар Душанбе ва ҳамчунин Академияи Оқохонро дар нақша дошт. Ҳамчунин Фонд ба сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор” дар Роштқалъа маблағгузорӣ намуда, ният дорад, ки ба сохтмони НБО “Санобод” дар ноҳияи Рӯшон низ маблағгузорӣ кунад.

Моҳи феврали соли 2024 Фонди Оқохон дар ҳамдастӣ бо Агентии ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) ғолибони грантҳоро аз Фонди минтақавии мубориза бо тағйирёбии иқлим эълон кард. Лоиҳаҳои интихобгардида ба пешбурди технологияҳои истифода аз энергияи офтобӣ дар бахши кишоварзӣ равона шудаанд.

Дар ҳамкорӣ бо USAID Бунёди Оқохон барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон”-ро амалӣ намуд, ки ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии зиёда аз 190 ҳазор нафар дар 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва ВМКБ нигаронида шуда буд.

Барнома аз самтҳое чун дастрасӣ ба оби тоза, хидматрасониҳои беҳдоштӣ, тандурустӣ, маориф ва барқро дар бар мегирифт.

Давлатӣ кардани муассисаҳо

Солҳои ахир дар Тоҷикистон тамоюли кам кардани шумори фондҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар қаламрави кишвар амал мекунанд, ба мушоҳида мерасад. Як қатор муассисаҳои марбут ба шабакаи Оқохон ба ихтиёри давлат гузашт.

Соли 2023 Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ давлатӣ гардонида шуда, соли 2022 Боғи марказии фарҳангу истироҳат дар Хоруғ ба ихтиёри давлат гузашт. Меҳмонхонаи “Серена” низ дар шаҳри Хоруғ давлатӣ шуд.

Давлатӣ кардани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) ҳоло расман тасдиқ нашудааст. Ҳамчунин тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, Созмишномаи ҳамкорӣ бо AKDN дароз карда нашудааст.    

AKDN фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, лоиҳаҳои худро дар соҳаҳои тандурустиву маориф, тиҷорат, молия ва фарҳанг амалӣ кард.

Дар сохторҳои ин ташкилот ҳудуди 3500 нафар машғули кор буданд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, аз соли 1995 то соли 2018 AKDN бо сармоягузорӣ ба лоиҳа ва ташаббусҳои бузургмиқёс барои рушди Тоҷикистон 1 млрд доллар маблағгузорӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...