Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024

Соли 2024 дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) 82,2 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки 23,3% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёда аз 66,6 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Дар ифодаи пулӣ истеҳсоли алюминии […]

Соли 2024 дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) 82,2 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки 23,3% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёда аз 66,6 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.

Дар ифодаи пулӣ истеҳсоли алюминии аввалия дар соли гузашта 230,2 млн сомонӣ (беш аз 21 млн доллар) ё худ 47,3% афзуд. Арзиши умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 716,4 млн сомонӣ (65 млн доллар) баробар аст.

Ҳаҷми содироти алюминии аввалия дар соли 2024 зиёда аз 71 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 37% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Аз ҳисоби содироти ин маҳсулот соли гузашта ҷумҳурӣ зиёда аз 180 млн доллар даромад гирифт.

Дар корхонаҳои маҳаллӣ ҳудуди 18,9 ҳазор тонна алюминии аввалия коркард шудааст, ки қариб 3,5 ҳазор тонна ё худ 22,5% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2023 аст.

Коркарди алюминии аввалия дар дохили кишвар соли гузашта дар корхонаҳои зерин анҷом дода шудааст:  

– ҶДММ «Титан-8888» (1725 тонна);

– ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» (1228 тонна);

-ҶСК «Талко» (626 тонна);

– ҶДММ «Алюмин Проф» (115 тонна).

Дар назар аст, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия то 108 ҳазор тонна расонида шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.