Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?

Имсол Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе “бо шукӯҳу шаҳомат” таҷлил мешавад. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт қарор қабул кардааст. Аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз 1 то 23-юми феврал дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва дар қисмҳои ҳарбӣ озмуну фестивалҳо ба нақша гирифта шудааст, ки наврасон ҷавонон метавонанд дар […]

Имсол Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе “бо шукӯҳу шаҳомат” таҷлил мешавад. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт қарор қабул кардааст.

Аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз 1 то 23-юми феврал дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва дар қисмҳои ҳарбӣ озмуну фестивалҳо ба нақша гирифта шудааст, ки наврасон ҷавонон метавонанд дар он ширкат кунанд.

Рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба унвони Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар ҳоли ҳозир артиши Тоҷикистон аз нерӯҳои ҳавоӣ, зиддиҳавоӣ, нерӯҳои хушкигард ва нерӯҳои сайёр иборат аст.

Аз ҷумла, рӯзҳои 21-22-юми феврал чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ – ҳомии марзу бум” дар чор ноҳияи пойтахт ва сатҳи шаҳр баргузор мешавад.

Ҳамчунин, ташкили мизҳои гирд бо номи “Ҳимояи Ватан – қарзи муқаддас” дар давоми моҳ дар назар аст. Кадом рузҳо маълум нест.

Инчунин, барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ва ҷавонони синни даъватӣ саёҳат ба қисмҳои ҳарбӣ ташкил мешавад.

Дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барномаҳои ҷашнӣ ва консертҳо бо оростани дастархони идона баргузор мешаванд.

Интизор меравад, рӯзҳои 17-22 феврал байни афсарон, сарбозон ва ҷавонон фестивали дӯстӣ, ки бештар ҷанбаи варзишӣ дорад, баргузор гардад. Дар ин фестивал миёни қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо доир мегарданд.

Ҳамчунин, баргузории фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳрдории Душанбе дар мавриди баргузор шудани паради ҳарбӣ гуфт, то ҳол маълумоти дақиқ дар ин бора надорад. Маркази матбуоти шаҳрдорӣ гуфт, дар ин бора аз Вазорати мудофиа пурсем. “Азия-Плюс” натавонист то замони нашри ин хабар аз маркази матбуоти Вазорати дифоъ маълумот гиранд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ паради ҳарбӣ доир нагардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.