Дар Душанбе ба муносибати рӯзи 23 феврал гузашти низомӣ баргузор намешавад

Дар Душанбе ба муносибати ҷашни рӯзи 23 феврал гузашти низомӣ баргузор намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат зикр карданд, ки дар ин рӯз баргузории як қатор чорабиниҳо бо иштироки сарбозону афсарон ба нақша гирифта шуда, аллакай ҳозир дар пойтахт чорабиниҳо бахшида ба 31-умин солгарди […]

Дар Душанбе ба муносибати ҷашни рӯзи 23 феврал гузашти низомӣ баргузор намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат зикр карданд, ки дар ин рӯз баргузории як қатор чорабиниҳо бо иштироки сарбозону афсарон ба нақша гирифта шуда, аллакай ҳозир дар пойтахт чорабиниҳо бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷараён доранд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, аз ҷумла бо супориши раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таҳти унвони "Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам" чорумин Фестивали афсарону сарбозон доир мегардад.

Маросими ифтитоҳи Фестивал дар қисми низомии 3502 Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон доир гардида, он то 23 феврал идома меёбад ва дар ҳамаи қисмҳои низомии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар Фестивал зиёда аз 2 ҳазор сарбозону афсарон, инчунин ҷавонони синнусоли даъват ва то даъват ба артиш иштирок мекунанд.

“Ҳадафи аслии Фестивал истифодаи пурсамари зерсохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарон, сарбозону ҷавонон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва баланд бардошитан рӯҳияи маънавӣ аст”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Барномаи Фестивал аз бозиши футболи хурд (минифутбол), волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук иборат буда, мусобиқаҳо дар ду марҳила мегузаранд: аввал дар дохили қисмҳои ҳарбӣ ва сипас – дар сатҳи ҷумҳуриявӣ.

Дар марҳилаи хотимавии фестивал рӯзи 23 феврал дар кохи “Суруш” маросими пӯшидашавӣ ва тақдими мукофот  ба ғолибону ҷоизадорон барпо мешавад.

Дар доираи Фестивал дар толори “Хонаи афсарон” ҳамчунин конфронси илмиву амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯи “Кори ҳарбӣ” доир мегардад.

Шурӯъ аз соли 1993 рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҷлил мегардад. Айни замон артиши Тоҷикистон аз Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қувваҳои хушкигард ва зудамал иборат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.