Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд

Date:

Соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои рушди вилояти Хатлон беш аз 1 миллион доллар маблағ равон кардаанд. Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.

"Ин натиҷаи сафари соли гузаштаи мо ба Русия ва мулоқот бо соҳибкорон – зодагони вилояти Хатлон мебошад. Мо дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия бо ҳамватанонамон вохурдем, бо онҳо суҳбат кардем ва онҳоро мутмаин сохтем, ки ба рушди ватани худ саҳм гузоранд. Онҳо ба кӯмак оғоз карданд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, бо иштироки ҳамватанон дар вилоят корхонаҳои хурду миёна, иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона ва марказҳои тиббӣ сохта шуданд. Аз ҷумла, саҳмашон дар самти таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ зиёд аст.

Ӯ таъкид кард, ки саҳми онҳо аз ҳама бештар дар се ноҳия Фархор, Қубодиён ва Дӯстӣ ба чашм мерасад.

Дар ҳамин ҳол, Давлат Сабурзода, раиси ноҳияи Қубодиён низ ҳафтаи гузашта аз саҳми соҳибкорони бурунмарзӣ дар сохтмони иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ тавсиф кард.

“Ҷавонони мо, ки имрӯз дар Русия ба тиҷорат машғуланд, ба рушди зодгоҳашон оғоз карданд. Ҳоло бо маблағгузории онҳо дар ноҳия ду боғчаи кӯдакон (бо 400 ва 150 ҷой), як мактаби нави сеошёна бо арзиши 600 ҳазор доллар, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо, хатҳои обтаъминкунӣ бо арзиши тахминан 300 ҳазор доллар ва таъмири роҳҳои автомобилгард анҷом дода мешавад. Дар соли 2024 мо 27,5 км роҳҳои мошингардро таъмир кардем ва имсол боз 5 км роҳро таъмир хоҳем кард», – гуфт Давлат Сабурзода.

Ёдовар мешавем, ки як сол пеш Давлаталӣ Саид бо раисони чанд шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Русия сафар карда дар чанд шаҳру вилоятҳои он бо соҳибкорони зодаи вилоят суҳбату вохури анҷом дода, онҳоро ба корҳои ободонӣ дар зодгоҳашон даъват карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...