Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад

Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангиву фароғатии нав дар майдони 50 га замин сохта ба истифода мешавад. Ҳоло замини сохтмон ва лоиҳаи анговарии боғ омода буда, дар баррасӣ аст. Дар ин бора Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳр зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Номбурда гуфт, ки Бохтар ҳамчун маркази маъмурии вилоят ба як боғи фарҳангию фароғатии замонавӣ ниёз […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангиву фароғатии нав дар майдони 50 га замин сохта ба истифода мешавад. Ҳоло замини сохтмон ва лоиҳаи анговарии боғ омода буда, дар баррасӣ аст. Дар ин бора Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳр зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, ки Бохтар ҳамчун маркази маъмурии вилоят ба як боғи фарҳангию фароғатии замонавӣ ниёз дорад ва дар он шакле, ки ҳоло боғи фарҳангӣ ҳаст, ба талабот ҷавобгу нест.

“Ҳамагон медонем, ки ҳанӯз солҳои 2012-2013 масъалаи сохтмони ин боғ шуруъ шуда буд. Мутаасифона, бо сабабҳои гуногун то ба имрӯз оғоз нашуд. Чанд рӯз қабл лоиҳаи ангоравии Боғи фарҳангию фароғатии нав аз тарафи соҳибкорон дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷиашон ва н пешниҳод шуд”,- гуфт раиси шаҳр.

Раиси шаҳр дар идома гуфт, дар дохили боғ мувофиқи лоиҳа “Хонаи ош”, “Хонаи ақди никоҳ” бо тамоми шароит сохта мешавад.

Ӯ гуфт, замине, ки барои сохтмони боғ ба нақша гирифта шудааст, ба категорияи заминҳои кишоварзӣ дохил мешавад ва иҷозат додани сохтмон дар чунин заминҳо салоҳияти ҳукумати кишвар аст. Дар оянда ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.

Боғи фарҳагии имрӯзаи шаҳр дар маркази шаҳр фаъолият дорад масоҳаташ хурд буда, ба гуфтаи мақомот, талаботи сокинони шаҳро қонеъ намекунад. Чанд сол қабл дар як қисмати ин боғ бинои нави театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов сохта шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.