Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд

Соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои рушди вилояти Хатлон беш аз 1 миллион доллар маблағ равон кардаанд. Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод. "Ин натиҷаи сафари соли гузаштаи мо ба Русия ва мулоқот бо соҳибкорон – зодагони вилояти Хатлон мебошад. Мо дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия бо ҳамватанонамон вохурдем, бо онҳо суҳбат […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои рушди вилояти Хатлон беш аз 1 миллион доллар маблағ равон кардаанд. Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.

"Ин натиҷаи сафари соли гузаштаи мо ба Русия ва мулоқот бо соҳибкорон – зодагони вилояти Хатлон мебошад. Мо дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия бо ҳамватанонамон вохурдем, бо онҳо суҳбат кардем ва онҳоро мутмаин сохтем, ки ба рушди ватани худ саҳм гузоранд. Онҳо ба кӯмак оғоз карданд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, бо иштироки ҳамватанон дар вилоят корхонаҳои хурду миёна, иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона ва марказҳои тиббӣ сохта шуданд. Аз ҷумла, саҳмашон дар самти таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ зиёд аст.

Ӯ таъкид кард, ки саҳми онҳо аз ҳама бештар дар се ноҳия Фархор, Қубодиён ва Дӯстӣ ба чашм мерасад.

Дар ҳамин ҳол, Давлат Сабурзода, раиси ноҳияи Қубодиён низ ҳафтаи гузашта аз саҳми соҳибкорони бурунмарзӣ дар сохтмони иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ тавсиф кард.

“Ҷавонони мо, ки имрӯз дар Русия ба тиҷорат машғуланд, ба рушди зодгоҳашон оғоз карданд. Ҳоло бо маблағгузории онҳо дар ноҳия ду боғчаи кӯдакон (бо 400 ва 150 ҷой), як мактаби нави сеошёна бо арзиши 600 ҳазор доллар, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо, хатҳои обтаъминкунӣ бо арзиши тахминан 300 ҳазор доллар ва таъмири роҳҳои автомобилгард анҷом дода мешавад. Дар соли 2024 мо 27,5 км роҳҳои мошингардро таъмир кардем ва имсол боз 5 км роҳро таъмир хоҳем кард», – гуфт Давлат Сабурзода.

Ёдовар мешавем, ки як сол пеш Давлаталӣ Саид бо раисони чанд шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Русия сафар карда дар чанд шаҳру вилоятҳои он бо соҳибкорони зодаи вилоят суҳбату вохури анҷом дода, онҳоро ба корҳои ободонӣ дар зодгоҳашон даъват карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.