Тарзи баҳодиҳии донистани забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон бозбинӣ мешавад

Муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая изҳор доштааст, ки Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор) ҳамаи эродҳои Думаи давлатиро дар мавриди санҷиши кӯдакони муҳоҷирон оид ба донистани забони русӣ ҳангоми қабул ба мактаб пазируфтаа, лоиҳаи фармонро бозбинӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи Ведомости хабар медиҳад. “Имрӯз дар ҷаласа роҳбари Рособрнадзор хабар дод, ки ҳамаи […]

Asia-Plus

Муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая изҳор доштааст, ки Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор) ҳамаи эродҳои Думаи давлатиро дар мавриди санҷиши кӯдакони муҳоҷирон оид ба донистани забони русӣ ҳангоми қабул ба мактаб пазируфтаа, лоиҳаи фармонро бозбинӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи Ведомости хабар медиҳад.

“Имрӯз дар ҷаласа роҳбари Рособрнадзор хабар дод, ки ҳамаи эродҳои Думаи давлатӣ барои иҷро қабул шуда, тағйирот ворид шудааст ва айни замон лоиаҳои нави санадҳоро интизорем. Онҳо аз ҷониби кумитаи соҳавии Думаи давлатӣ оид ба маориф баррасӣ мешаванд”, – гуфтааст Ирина Яровая.

Ба гуфтаи муовини раиси Думаи давлатӣ, лоиҳаи санадҳо бояд “бечуну чаро ба талботи қонунгузорӣ мутобиқат кунанд”.

Ба гуфтаи Яровая, дар он гуфта шудааст, ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки ба муассисаҳои таълимии Русия қабул мешавад, бояд сатҳи бояду шояди донистани забони русиро, ки барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ зарур аст, тасдиқ намояд.

Рӯзи 12 феврал Рособрнадзор дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ лоиҳаи фармонеро нашр кард, ки тибқи он зимни санҷиши кӯдакони муҳоҷирон аз донистани забони русӣ, онҳо бояд на камтар аз 30% аз балли ниҳоиро гиранд.

Лоиҳаи фармони мазкур дар Думаи давлатӣ мавриди интиқод қарор гирифт.

Раиси Думаи давлатӣ Володин онро кам ё беқадр кардани эътибори қонуни қабулшуда дар бораи санҷиш номид.

«Андеша кунед: дар низоми даҳбалла 30% муайян шудааст, ки ин дар беҳтарин ҳолат баҳои «ду» аст. Маълум мешавад, ки ин танҳо як расмиятчигӣ  (формализм) ва худфиребӣ аст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки зимни пахши робитаи мустақим ва нишасти матбуотӣ президенти Русия Владимир Путин аз лоиҳаи қонуни манъи қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳо бе донистани забони русӣ дастгирӣ кард.

Охири моҳи декабр ӯ қонунеро ба имзо расонид, ки бояд аз 1 апрели соли 2025 мавриди амал қарор гирад. Дар Вазорати маориф қаблан хабар дода буданд, ки худи санҷиш бепул аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.