Сафари расмии сарвазири Тоҷикистон ба Эрон оғоз шуд

Сафари расмии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Эрон рӯзи 17 феврал оғоз шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Маросими расмии истиқбол дар Теҳрон доир гардида, сипас дидору гуфтушуниди  Қоҳир Расулзода бо бо муовини якуми президенти Эрон, доктор Муҳаммадризо Ориф ва мулоқоти ҳайатҳои васеъ баргузор шуд. Зимни мулоқт сарвазири ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Эрон […]

Asia-Plus

Сафари расмии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Эрон рӯзи 17 феврал оғоз шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Маросими расмии истиқбол дар Теҳрон доир гардида, сипас дидору гуфтушуниди  Қоҳир Расулзода бо бо муовини якуми президенти Эрон, доктор Муҳаммадризо Ориф ва мулоқоти ҳайатҳои васеъ баргузор шуд.

Зимни мулоқт сарвазири ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Эрон дар низоми равобити  байналмилалии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки соли равон дар доираи сиёсати муваффақонаи сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат афзоиш ёфта, муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба таври назаррас густариш меёбанд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Эрон барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорату сармоягузорӣ имконоти фаровон доранд ва истифодаи самараноки ин имконияту захираҳо метавонад барои рушди ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун  заминаи воқеӣ гузорад.

Имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ зимни сафари давлатии президенти Эрон ба Тоҷикистон  заминаи устувори равобити байниҳукуматӣ дар оянда маънидод гардид.

Дар идомаи мулоқот ба ҳукумати Эрон ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуд.

Ба иттилои расонаҳои Эрон, ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар ҷараёни ин сафар ҳамчун меҳмони вижа дар Ҳамоиши сеюми иқтисодии Хазар, ки дар он сарвазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон барои муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ ҷамъ мешаванд, ширкат мекунад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-17 январи соли ҷорӣ сафари давлатии президенти Эрон Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон, ки бо иштироки сарони давлатҳои доир гардиданд, 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Айни замон 160 ширкат бо сармояи Эрон дар Тоҷикиситон фаъолият дошта, дар муқоиса бо солҳои пешин соли 2024 ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулоти миёни кишварҳо 3,2 баробар афзуд.

Дар ҷараёни форуми тиҷоратии кишварҳо рӯзи 15 январ дар Душанбе 13 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар имзо шуд, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, “боз як нишонаи мавҷудияти имкониятҳои васеи ҳамкорӣ барои соҳибкорон ва сармоягузорони мо мебошад”.

Натиҷаҳои сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “оғози марҳилаи нав дар рушд ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба бо ин кишвари дӯсту бародар” арзёбӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.