Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Думаи давлатии ин кишвар рӯзи 19 феврал изҳор дошт, ки Шартнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ муфид буда, ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Шартнома амал мекунад, он муфиду баробарҳуқуқ буда, ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, албатта, чунки онҳо дар ин ҷо бисёранд, вале инчунин манфиатҳои шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ ба инобат гирифта мешаванд, зеро барои мо ҳар як шаҳрванд муҳим аст”, – гуфт ӯ зимни посух ба савол дар ин хусус.

Ба гуфтаи Лавров, шартномаи дар соли 1996 имзошуда, ки ихтилофи дохилии хунин дар Тоҷикистон ба анҷом мерасид, “дар таъмини асоси муътамади иттифоқчигии кишварҳо нақши муҳим дошт ва ҳоло ҳам дорад”.

Дар робита ба муқаррароти санад дар мавриди озод будан аз хидмати ҳарбӣ, вазир таъкид дошт, ки “ин бар асоси мутақобила сурат гирифтааст”.

“Чӣ гунае, ки набошад, шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон каманд, онҳо ҳам аз ҳамон шартҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз онҳо бархӯрдоранд, истифода мебаранд”, – илова намуд вазири корҳои хориҷии Русия.

Мувофиқи шартномаи имзошуда байни Русия ва Тоҷикистон, шаҳрвандони ҳарду кишвар ба истифодаи 2 шиноснома – Тоҷикистон ва Русия, яъне дар як вақт шаҳрванди ду давлат будан ҳуқуқ доранд.

Тоҷикистониён бояд дар бораи душаҳрвандии худ мақомотро огоҳ кунанд? Дар ин маводи мо маълумоти бештар муфассал дар ин хусус қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...