Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Думаи давлатии ин кишвар рӯзи 19 феврал изҳор дошт, ки Шартнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ муфид буда, ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. “Шартнома амал мекунад, он муфиду баробарҳуқуқ буда, ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ […]

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Думаи давлатии ин кишвар рӯзи 19 феврал изҳор дошт, ки Шартнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ муфид буда, ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Шартнома амал мекунад, он муфиду баробарҳуқуқ буда, ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, албатта, чунки онҳо дар ин ҷо бисёранд, вале инчунин манфиатҳои шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ ба инобат гирифта мешаванд, зеро барои мо ҳар як шаҳрванд муҳим аст”, – гуфт ӯ зимни посух ба савол дар ин хусус.

Ба гуфтаи Лавров, шартномаи дар соли 1996 имзошуда, ки ихтилофи дохилии хунин дар Тоҷикистон ба анҷом мерасид, “дар таъмини асоси муътамади иттифоқчигии кишварҳо нақши муҳим дошт ва ҳоло ҳам дорад”.

Дар робита ба муқаррароти санад дар мавриди озод будан аз хидмати ҳарбӣ, вазир таъкид дошт, ки “ин бар асоси мутақобила сурат гирифтааст”.

“Чӣ гунае, ки набошад, шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон каманд, онҳо ҳам аз ҳамон шартҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз онҳо бархӯрдоранд, истифода мебаранд”, – илова намуд вазири корҳои хориҷии Русия.

Мувофиқи шартномаи имзошуда байни Русия ва Тоҷикистон, шаҳрвандони ҳарду кишвар ба истифодаи 2 шиноснома – Тоҷикистон ва Русия, яъне дар як вақт шаҳрванди ду давлат будан ҳуқуқ доранд.

Тоҷикистониён бояд дар бораи душаҳрвандии худ мақомотро огоҳ кунанд? Дар ин маводи мо маълумоти бештар муфассал дар ин хусус қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.