Футболбози тоҷик Хусрав Тоиров дар “Черноморетс”-и Украина бозӣ мекунад

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дастаи футболи “Черноморетс”-и Одесса эълон кард, ки дар бораи иҷораи нимҳимоятгури тими “Шахтёр” Хусрав Тоиров қарордод ба имзо расонидааст. Бозингари 20-солаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти рақами 7 то анҷоми мавсими солҳои 2024/2025 дар ин дастаи шаҳри Одесса бозӣ хоҳад кард.

“Хусрав Тоиров нимаи дуюми мавсими солҳои 2024/2025-ро дар “Черноморетс”-и Одесса мегузаронад. Мо футболбози 20-сола аз Тоҷикистонро ба иҷора гирифтем.

Дар ҷамъомаду тамринҳо дар Туркия нимҳимоятгар аллакай дар ҳайати “Черноморетс” бозӣ карда, якчанд амалҳои натиҷаовар анҷом дод. Маҳорати техникии Хусрав Тоиров хуб буда, ба даста бояд дар ҳалли вазифаҳои мавсим кумак кунад”, – хабар додаанд дар даста.

Қаблан зикр гардида буд, ки футболбоз аз санҷиши тими “Черноморетс” нагузаштаааст, лекин ин хабар тасдиқ нашуд.

Гуфтушунидҳои даста оид ба қарордод ба охир расидааст. Инро ба хабарнигори “Азия-Плюс” худи Хусрав Тоиров хабар додааст.

“Аз санҷиш дар даста муваффақона гузашта, дар ҷамъомад иштирок кардам. Дар даста рақами 7-ро гирифта, яке аз бозингарони калидӣ шуморида мешавам. Дар бораи қарордод расман танҳо ҳоло хабар доданд, зеро масоили гуногуни марбут ба қарордод мавриди ҳаллу фасл қарор дошт. Сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расида, танҳо ҳалли баъзе масъалаҳои ҷузъӣ аз ҷониби “Шахтёр” боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, барои идомаи футболбозӣ ман дигар пешниҳодҳо ё худ вариантҳо доштам, лекин мехоҳам ин ҷо бимонам. Ин ҷо бброям хубу бароҳат аст. Дар даста ба ман бовар доранд.

Дар оянда ҳадаф дорам, ки дар Аврупо бозиамро идома медиҳам, мехоҳам дар ин ҷо маҳоратамро нишон дода, ба дастовардҳо ноил шавам”, – изҳор дошт футболбоз.

Хусрав Тоиров нимҳимоятгар (вингер)-и самти чапи майдон аст. 1 августи соли 2004 таваллуд шудааст. Тоиров дар мавсими гузашта дар ҳайати “Атирау”-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекард. Дар ин даста 8 бозӣ гузаронида, 1 гол ба ҳадаф расонидааст.

Аз 1 марти соли 2023 ба тими “Шахтёр”-и Донетск тааллуқ дорад. Қарордод бо футболбоз то 31 декабри соли 2027 ба имзо расидааст.

Дар тими Донетск Тоиров дар ду бозӣ иштирок кардааст. Ҳамчунин Тоиров дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, 4 бозӣ гузаронидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...