Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт

Имрӯз, 28-уми феврал Азим Байзоев, филолог ва шарқшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дар синни 66 солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора Сулҳия Азимӣ, духтари ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додааст. Ба қавли ҳамкорони ӯ Азим Байзоев дирӯз дар ҷойи кориаш ҳузур доштааст. Ҷанозаи марҳум имрӯз, вақти намози пешин дар масҷиди “Сари-Осиё” баргузор мешавад. […]

Asia-Plus

Имрӯз, 28-уми феврал Азим Байзоев, филолог ва шарқшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дар синни 66 солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора Сулҳия Азимӣ, духтари ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додааст.

Ба қавли ҳамкорони ӯ Азим Байзоев дирӯз дар ҷойи кориаш ҳузур доштааст. Ҷанозаи марҳум имрӯз, вақти намози пешин дар масҷиди “Сари-Осиё” баргузор мешавад.

Азим Байзоев, дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси дотсенти кафедраи филологияи эронӣ фаъолият мекард. Ӯ ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекарданд аз ҷумла ба кормандони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва худи сафирон забони тоҷикиро омӯзиш медод.

Марҳум донистани забони тоҷикиро барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим меҳисобид. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки “вазифаи мо он аст, ки фарзандони мо забони модарии худро фаромӯш накарда, забонҳои хориҷиро омӯзанд”.

“Бо донистани забони давлатӣ мо метавонем анъана ва фарҳанги худро ғанӣ гардонем”, – таъкид менамуд ӯ.

Азим Байзоев соли 1959 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1982 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2005 – Институти андоз ва ҳуқуқ (ҳуқуқшиносӣ)-ро хатм кардааст.

Байзоев солҳои 2008-2013 дар донишгоҳҳои Мэриленд ва Аризонаи Амрико ба ҳайси ҳамоҳангсози барнома ва омӯзгори забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ кор кардааст.

Ӯ муаллифи 4 монография, 8 асари илмӣ-таҳлилӣ (ҳаммуаллифӣ), 10 китоби дарсӣ, аз ҷумла 2 китоби дарсии забони тоҷикӣ барои хориҷиён, 12 китоби таълимӣ, 8 китоби бадеӣ, аз ҷумла 6 китоб барои кӯдакони синни томактабӣ ва ибтидоӣ, зиёда аз 180 мақолаи илмӣ ва илмии тоҷикӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.