Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, 42% аҳолии кишвар ба синфи миёна шомиланд

Соли 2023 табақа ё синфи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 42%-ро ташкил дод. Дар айни ҳол ин охирин омори синфи миёна дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ин рақам бояд ба 50% расонида шавад. Дар ин бора имрӯз Умед Холов, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Соли 2023 табақа ё синфи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 42%-ро ташкил дод. Дар айни ҳол ин охирин омори синфи миёна дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ин рақам бояд ба 50% расонида шавад.

Дар ин бора имрӯз Умед Холов, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар маҳфили иқтисодии “Тавозун”, ки ба арзёбии дастовардҳо ва қадамҳои ояндаи синфи миёна бахшида мешуд, иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки синфи миёна назар ба соли 2021 12% афзудааст. Чаҳор сол пеш табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 30% буд. Ба таъкиди вай, афзоиши бештар дар шаҳрҳо, хусусан дар Душанбе дида шуда, аз 36% то 54% афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби афзоиши синфи миёна дар кишвар, афзоиши шуғл, дастрасӣ ба таҳсилот ва рушди соҳибкорӣ мебошад.

Вай дар ҳузури коршиносон ва рӯзноманигорон гуфт, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯйи меъёрҳои муайян, аз ҷумла, доштани маълумоти иқтисодӣ, ҳаҷми истеъмол, доштани манзил, мошин, пасандоз, баланд будани сатҳи таҳсилот, шуғли устувор, маоши миёна ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати иҷтимоӣ маълум крада мешавад.

Холов гуфт, 18-ум феврали соли 2025 методологияи нав оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он талаботҳо оид ба рашди синфи миёна мушаххас дарҷ шудааст.

“Табақаи миёна ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, ки рушди ин қишр ба суботи иҷтимоӣ ва иқтисоди устувор мусоидат мекунад. Афзоиши табақаи миёна яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон то 2030 мебошад, -гуфт ин масъули Вазораи рушди иқтисод.

То 42% ҳамчун синфи миёна ҳисоб шудани аҳолии Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксар аз бекориву нодорӣ ва даромади даркорӣ надоштан шикоят мекунанд. Ҳамчунин, ҳисаи камбизоатӣ дар кишвар 21% гуфта мешавад. 

Аз ҷумла, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон гуфта буд, дар Тоҷикистон атрофи 2 миллион нафар камбизоат дониста мешавад.

Ин ниҳод мизони коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро давоми даҳсолаи охир чунин гуфта буд:

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ дода мешавад ва ҳаҷми солонаи кумакпулӣ ба ҳар як оилаи камбизоат дар соли 2025 792 сомониро ташкил медиҳад.

Дар бораи он ки кадом оилаҳо камбизоат дониста мешаванд ва равиши муайян кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст, дар ин матлаби "Азия-Плюс" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.