Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?

Даври аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2025-ум  3-юми март оғоз гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) хабар доданд. Бақайдгирӣ чӣ гуна мегузарад ва довталаб бояд чиро донад? “Азия-Плюс” саволҳои маъмул оид ба иштирок дар ИМД-ро аз ММТ пурсид ва посухҳояшро пешкаши хонандагон мекунад.   Кӣ метавонад […]

Asia-Plus

Даври аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2025-ум  3-юми март оғоз гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) хабар доданд.

Бақайдгирӣ чӣ гуна мегузарад ва довталаб бояд чиро донад? “Азия-Плюс” саволҳои маъмул оид ба иштирок дар ИМД-ро аз ММТ пурсид ва посухҳояшро пешкаши хонандагон мекунад.

 

Кӣ метавонад дар ИМД иштирок кунад?

Дар ИМД дилхоҳ сокини Тоҷикистон, новобаста аз шаҳрвандӣ, ки хатмкарда ё хатмкунандаи синфҳои 9 ва 11-и мактаби миёна, муассисаҳои ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон ва ё хориҷ аз он аст, метавонад иштирок кунад. 

Бояд дар назар дошт, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонанд танҳо аз рӯйи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ таҳсил кунанд.

 

Иштирок дар ИДМ ҳатмӣ аст?

Не. Иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ихтиёрист ва ҳеҷ кас наметавонад хатмкунандагонро ба ҳуҷҷатсупорӣ маҷбур кунад. 

Агар чунин ҳолат рӯй дод ва шумо бидуни хоҳиши худ аз қайди ММТ гузаштед, метавонед бо ариза ба Марказ муроҷиат намоед. Пас аз санҷиши ариза хароҷоти раванди бақайдгирӣ дар ҳаҷми 30 сомонӣ нигоҳ дошта шуда, боқимондаи маблағ баргардонида мешавад. 

 

Бақайдгирӣ то кай идома меёбад?

Бақайдгирӣ дар 4 давра мегузарад. Даври аввали он аллакай 3-юми март оғоз гардида, то 30-юми апрел идома меёбад.

Даври дуюм аз 10 то 30-уми июн баргузор хоҳад гашт ва дар он довталабоне, ки дар даври аввал сабтином нашудаанд, метавонанд иштирок кунанд. 

Даври сеюми бақаёдгирӣ дар доираи ҷойҳои холӣ буда, аз 2 то 13-умми сентябр идома меёбад.

Даври чорум танҳо барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил дар доираи ҷойҳои холӣ аст ва аз 29-уми  октябр то 28-уми  ноябр идома меёбад. 

Муфассал дар бораи тақвими баргузории ИДМ дар ин пайванд шинос шавед.  

 

Барои бақайдгирӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои бақайдгирӣ дар ММТ ба довталабон пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин ҳатмӣ аст.

Барои хатмкунандагони синфи 11:

– шиноснома ва нусхаи он ва ё маълумотнома бо сурат ва муҳр аз шуъбаи ВКД ва нусхаи он;

– маълумотнома бо сурат ва муҳр аз мактаб барои хонандагони синфи 11 ва аттестат барои хатмкардаҳои мактаб; 

– рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои КВД «Амонатбонк» ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл»;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва ё имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар бошад);

Барои хатмкунандагони синфи 9 ва муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:

– шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо барои шахсони ба синни 16 нарасида ва шиноснома ва нусхаи он ва ё маълумотнома бо сурат ва муҳр аз шуъбаи ВКД ва нусхаи он барои шахсони ба синни 16 расида;

– маълумотнома бо сурат ва муҳр аз мактаб барои хонандагони синфи 9; аттестат барои хатмкардаҳои синфи 9;

– рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои КВД «Амонатбонк» ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл»;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва ё имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ. (агар бошад);

 

Бақайдгирӣ дар куҷо ва чӣ гуна мегузарад?

Имсол барои бақайдгирии довталабон дар 43 шаҳру ноҳияи кишвар 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил шудааст. Довталабон метавонанд, новобаста аз суроғаи қайди худ, дар дилхоҳ нуқтаи бақайдгирии барояшон қулай сабтином шаванд. Бо суроғаи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар ин пайванд шинос шавед.

Бақайдгирии довталаб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби ӯ дар ҳузураш электронӣ амалӣ мегардад. Ҳамаи маълумоти барои довталаб зарурӣ дар варақаи бақайдгириаш навишта шуда, ба ӯ пешниҳод карда мешавад. 

Довталаб метавонад як касб ва дар доираи он то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намояд. Ҷадвали ихтисосҳо дар ин пайванд аст

 

Арзиши хизматрасонӣ чанд сомонӣ аст?

Арзиши бақайдгирӣ барои хатмкарда ва хатмкунандагони синфи 11, муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  370 сомонӣ ва барои хатмкардаву хатмкунандаҳои синфи 9-ум 320 сомонӣ аст.

 

Ман баъд аз бақайдгирӣ интихобамро иваз карда метавонам?

Бале, баъд аз бақайдгирӣ, ҳангоми зарурат, довталаб метавонад интихобашро иваз кунад, вале ин раванд шартҳои худро дорад.

Ҳамин тавр, довталаб то анҷоми даврае, ки дар он сабтином шудааст ва давоми то ду ҳафта пас аз сабтиномшавӣ метавонад дар нуқтаи бақайдгирие, ки бори аввал дар он ҷо сабтином шуда буд бо пешниҳоди расид дар бораи пардохти маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 30 сомонӣ интихобашро иваз намояд.

Масалан, агар шумо дар давраи аввали бақайдгирӣ сабтином шуда бошед, имкон доред то 15 май аз раванди азнавбақайдгирӣ гузаред, яъне интихобатонро тағйир диҳед.

Агар муҳлати давре, ки довталаб аз қайд гузашта буд, аллакай ба итмом расида бошад, ӯ метавонад дар давраи баъдӣ сабтином шавад. Дар ин ҳолат довталаб бояд арзиши пурраи бақайдгириро дубора пардохт кунад. 

 

Оё баъд аз бақайдгирӣ ман метавонам маблағи пардохткардаамро барагардонам?

Бале, агар довталаб дар ИДМ иштирок кардан нахоҳад, метавонад дар тамоми давраи бақайдгирие, ки сабтином шудааст ва то ду ҳафта баъди он маблағи пардохткардаашро баргардонад. Барои ин, ӯ бояд бо ариза ба ММТ, бахшҳои минтақавии он ё почтаи электронии марказ – [email protected] муроҷиат кунад.

 

Агар ман сабти ном шаваму дар имтиҳон иштирок накунам, маблағамро баргардонда метавонам?

Не, дар ин ҳолат маблағ баргардонида намешавад, чун тамоми омодагиҳо аллакай ба анҷом расида, маблағ сарф шудааст.

 

Ман аз раванди бақайдгирӣ розӣ нестам, ба куҷо метавонам шикоят барам?

Агар дар раванди бақайдгирӣ мушкилие сар зад ва ё шумо аз рафти он розӣ нестед, метавонед бо рақамҳои 224-53-68 ба ММТ муроҷиат кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.