Фестивали “Сад ранги чакан” чӣ гуна ҷамъбаст шуд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рӯзи 5-уми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ҷамъбаст ва дар ҳошияи он намоиш-фурӯши чакан ва маҳсулоти заргарӣ баргузор гардид. Ин фестивал тарроҳону ҳунармандони тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам овард.

Маросими ҷамъбаст бо садои карнаю доира дар фазои идона оғоз гардид. Дар намоишгоҳ ҳунармандон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи кишвар ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попуридӯзӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва либосҳои миллиро дар ғурфаҳои худ ба намоиш гузоштанд.

Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар намояндагони вазорату ниҳодҳои кишвар аз намоишгоҳ боздид карданд.

Дар баробари ин, занону модарон имкон пайдо карданд, ки маҳсули писандидаашонро аз ин намоишгоҳ харидорӣ кунанд.

Заргаре аз ноҳияи Шаҳринав, ки ғурфаи худро ташкил карда буд, мегӯяд, таваҷҷуҳи мардум ва сайёҳон ба ҳунари дастӣ бештар аст.  Маҳсули меҳнати ӯ аз 150 сомонӣ то 1 ҳазору 600 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Маросими ҷоизасупорӣ бо суханони Дилрабо Мансурӣ оғоз гардид. Ӯ гуфт, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ва намоиш-фурӯши чакан ва маҳсулоти заргарӣ бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ ташкил шудааст.

“Фестивал ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифии ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст”,- гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Ба иттилои муовини сарвазир давоми солҳои 2017-2024  ба 382 ҳунарманд маблағҳои грантӣ дода шудааст.

Дар идома Бунафша Файзиддинзода  гуфт, ки фестивал имкон додааст, ки анъанаҳои миллӣ, ҳунари чакандӯзӣ, санъати гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ дубора эҳё шаванд.

Ӯ иброз дошт, ки тасмим доранд соли 2026 низ фестивали мазкурро ҳамчун Фестивал-озмун ташкил ва баргузор кунанд. 

Баъди анҷоми қисмати расмӣ, барномаи фарҳангӣ бо ширкати сарояндагон ва  дастаҳои ҳунарӣ баргузор гардид. Ансамбли рақсӣ бо либосҳои ҳар як минтақаи кишвар зери навои оҳангу сурудҳои хоси минтақа ҳунарнамоӣ карданд. Дастаҳои рақсӣ навъҳои гуногуни рақси миллӣ, аз ҷумла “Рақси табақ”, “Рапо”, “Рақс бо қошуқ”, “Рақси Зарафшонӣ”, “Рақси бадахшонӣ” ва “Рақс бо доира”-ро иҷро карданд.

Фестивал бо супоридани диплому сипосномаҳо ба иштирокчиён аз шаҳру вилоятҳои кишвар ба анҷом расид.

Ҳамчунин, ба тарроҳоне, ки дар фестивал коллексияи либосҳои миллии худро ба намоиш гузошта буданд, диплому маблағ супорида шуд.

Бояд гуфт, ки Фестивали “Сад ранги чакан” бо ширкати ҳунармандони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар 3 давр баргузор шуд. Даври якум аз 25-уми январ то 15-уми феврал дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат доир гардид. Даври дуюм аз 18 то 28-уми феврал дар сатҳи вилоят ва минтақаҳо гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...