Дар як минтақаи Русия қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон бекор шудааст

Роҳбари вилояти Вологда баъди чанде аз қабули қарор дар бораи манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон, онро бекор кардааст. Сабаби бекор кардани қарори хешро норасоии коргар дар минтақа гуфтааст. Хабаргузории “Медуза” менависад, ки қарори губернатор Георгий Филимонов дар бораи бекор кардани қарори пешин дар портали иттилооти ҳуқуқии вилоят ҷой дода шудааст. Бояд гуфт, қарори манъи […]

Роҳбари вилояти Вологда баъди чанде аз қабули қарор дар бораи манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон, онро бекор кардааст. Сабаби бекор кардани қарори хешро норасоии коргар дар минтақа гуфтааст.

Хабаргузории “Медуза” менависад, ки қарори губернатор Георгий Филимонов дар бораи бекор кардани қарори пешин дар портали иттилооти ҳуқуқии вилоят ҷой дода шудааст.

Бояд гуфт, қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон дар вилояти Вологда 27-уми феврал аз сӯйи Филимонов имзо шуд.

Ӯ ин қарорро дар пайи норозигии чанде аз сокинони вилоят аз ҳузури муҳоҷирон дар ширкати сохтмонии марбут ба “Северстал”-и Алексей Мордашов, як тоҷири шинохтаи рус, имзо кард.

Он замон ширкати "Северстал” гуфт, мехоҳад ба шаҳри Череповетс барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ  шаш ҳазор муҳоҷир орад.

Баъди имзои қарори манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмон дар вилояти Вологда, масъулини ширкати ширкати "Северстал” гуфтанд, ин ба лоиҳаҳои сармоягузории ширкат таъсири бад хоҳад дошт, зеро норасоии коргар эҳсос хоҳад шуд.

Баъдан, Филимонов изҳор дошт, ки назорат дар майдонҳои сохтмон ва ҷойҳое, ки муҳоҷирон зиёд ҷамъ мешаванд, шадидтар хоҳад шуд.

Дар қарори нав, ки манъи ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонро бекор мекунад, гуфта мешавад, ки дар минтақа шумораи ҷойҳои холии кор дар соҳаи сохтмон афзоиш ёфтааст, аммо шаҳрвандони бекоре, ки омодаанд ин ҷойҳоро ишғол кунанд ва дар хадамоти шуғл ба қайд гирифта шудаанд, барои қонеъ кардани талабот кофӣ нестанд.

Аз ин рӯ, ҷойҳои кории холиро бо шаҳрвандони Русия пурра таъмин кардан ғайриимкон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли ахир, махсусан баъди ҳаводиси мудҳиш дар “Крокус Сити Ҳолл”-и канораи Маскав, муҳоҷирситезӣ дар Русия авҷ гирифтааст ва дар аксар манотиқи ин кишвар қарорҳои манъи кор барои муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногун содир мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, ин роҳи ҳал нест ва Русия бештар аз муҳоҷирон ба қувваи корӣ ниёз дорад ва манъи фаъолияти муҳоҷирон дар бахшҳои гуногун боиси пайдоиши мушкили норасоии қувваи корӣ дар он бахш хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.