Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми март аз соати 8:00 то 18:00 дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе барқ хомӯш мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт хабар дода, навиштааст, ки қувваи барқ бо сабаби васлу насби таҷҳизот дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” қатъ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмир дар баъзе мавридҳо “қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад”.

Барқ дар минтақаҳои мазкур қатъ карда мешавад:

Дар ноҳияи Шоҳмансур:

дар кӯчаҳои: Рӯдакӣ 29/9 (бинои “Ватан”), Рӯдакӣ 15/1, Рӯдакӣ 11, Фурудгоҳ 18, Мавлоно 245, Мастонгулов 30, Фурудгоҳ 5, Мастогулов 38/1, Мастогулов 38, Айнӣ 51/1, Айнӣ 16 Блоки А, Айнӣ 215.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ:

дар кӯчаҳои: Н. Қарабоев 53, Н. Қарабоев 28/1, Н. Қарабоев 92/2 Блоки 3, Крупский 3, Н., Қарабоев 4 гузари 1, Гравзавод 1-А, Н. Қарабоев 138-Б, Фирдавсӣ 5/13, Шоҳтемур 25, Гравзавод 2-А, Борбад 80, Қаҳоров 135, 50 солагии Тоҷикистон 11, Борбад 66, Борбад 72, 50 солагии Тоҷикистон 7,Борбад 48/15, Борбад 92, Деҳотӣ 9/4, Борбад 54, Борбад 56, Гравзавод 3, Борбад 58, Борбад 102, Борбад 50/3, Ҳусейнзода 10/1, 12 ТП-3521, 343/2,Н. Қарабоев 89/1 (2).

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми март низ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ гардида буд.  Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки барқ бо сабаби “гузаронидани корҳои таъмирӣ” қатъ гардид.

Дар ҳоли ҳозир ба истиснои Душанбе дар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ аст. Аммо сокинони пойтахт ҳам аз қатъи барқ шикоят мекунанд, ки мақомот онро ба корҳои “профилактикӣ” ё таъмир рабт медиҳанд.

Соли ҷорӣ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...