Дар Душанбе Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ барои кор дар Корея кушода шуд

Asia-Plus

Тоҷикистон ҳамчун 17-умин давлат эътироф шуд, ки шаҳрвандонаш метавонанд расман ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ раванд. Ҳадафи кушодашавии “SC Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ” саҳм гузоштан дар ин раванд мебошад.

“Дар як вақт Марказ метавонад то 200 донишомӯзро фаро гирад. Мо муаллимони ҳирфаӣ аз Корея, таҷҳизоти муосир ва барномаҳои натиҷабахш пешниҳод мекунем”, – мегӯяд Со Ҷон Ҳён, директори ин Марказ.

Ифтитоҳи марказ натиҷаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ буда, он дар асоси ёддошти тафоҳуми сеҷониба миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Федератсияи кориягии корхонаҳои хурду миёна таъсис ёфт. Ин маркази омӯзишӣ бо дастгирии ширкати “Шодиёна Консалтинг” роҳандозӣ шудааст.

“Мо таълими босифат, дастгирӣ дар ҳар марҳила ва шароити муносиб барои рушди касбӣ ва мутобиқшавии муваффақона ба муҳити навро пешниҳод менамоем. Барномаи мо барои мардони аз синни 18 то 39 сола пешбинӣ шудааст. Барои донишҷӯёне, каз минтақҳао меоянд, ҳамаи шароити лозима аз ҷумла, хобгоҳ, се вақт хӯроки гарм ва муҳити босифати таълимӣ фароҳам оварда шудааст”, – мегӯяд Хуршед Ниёзов, намояндаи ин марказ.

Дар марказ ҷавононро бо забони кореягӣ, муҳити нави корӣ ва фарҳанги ин кишвар ошно мекунанд. Бартариятҳои он, воситаҳои муосири таълимӣ, муаллимони касбии кореягӣ мебошад.

Муҳити илҳомбахш водор мекунад, ки донишомӯзон то нимаи шаб таълим гиранд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, коргарон ва донишомӯзони марказ ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд.

Маркази таълимӣ якчанд самтро фаро мегирад. Пас аз супоридани имтиҳонро марказ кӯмак мекунад, то хатмакардаҳо раводиди Кореяро ба даст оранд. Пас аз сафар ба ин кишвар онҳоро гурӯҳи махсус дастгирӣ мекунад, ба онҳо суғуртаи тиббӣ дода мешавад, кӯмакӣ ҳуқуқӣ мерасонанд ва ҳамчунин, дар марказ шабонарӯзӣ маркази тамос фаъол мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...