Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров Созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо мекунанд

Asia-Plus

Тоҷикистон тасдиқ кард, ки имрӯз, 13-уми март, дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон роҳбарони ду давлат созишномаи ниҳоӣ дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо мекунанд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури кишвар, санади мазкурро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон имзо мекунанд.

“Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расад”,- хабар додааст хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Қирғизистон қарор дорад ва ин сафар ду рӯз идома меёбад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи байниҳукуматии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.

Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифодаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.

Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти он изҳори назар накардааст.

 

Саймумин Ятимов: Масъалаи марз ба манфиати ҳарду кишвар ҳал шуд

Дар ҳамин ҳол, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар шарҳи имзои созишномаи марзӣ гуфтааст, ки масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ҳарду кишвар ҳал гардид.

Ӯ дар ин бора бо хабаргузории "АКИ press" суҳбат карда, афзудааст, ки интиқод дар ин маврид як амри маъмулӣ аст.

“Дар Тоҷикистон низ моро дар ин масъала интиқод мекунанд. Аммо ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ба манфиати ҳарду давлат ҳал шуданд. Акнун муносибатҳо бародарона ва таърихӣ хоҳанд буд. Муносибатҳо минбаъд бояд мисли бародарони ҳақиқӣ бошанд. Масъалаи кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ ба таври усулӣ ҳал шудааст. Расман ду гузаргоҳ боз мешавад, сипас марҳала ба марҳала дигар гузаргоҳҳо кушода мешаванд”, – гуфтааст ӯ.

Зимнан, шоми дирӯз, 12-уми март Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Қирғизистон ба Боғи миллии “Ала Арча” дидан кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз боғи миллӣ ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи президенти Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳамчунин, ду гузаргоҳи марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қариб 4 сол ба ин сӯ баста буд, боз мешавад

Дар ифтитоҳи расмии гузаргоҳҳои марзӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров ба таври онлайнӣ ширкат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...