Қазоқистон воридоти пиёзу сирпиёзро аз Тоҷикистон се баробар кам кард

Соли 2024 Қазоқистон хариди пиёз ва сирпиёзро аз Тоҷикистон хеле кам карда, ҳамагӣ 17,9 ҳазор ин навъи сабзавотро ворид намуд, ки 3,3 баробар камтар аз соли пешин (соли 2023) мебошад. Тавре ки Zakon.kz хабар медиҳад, содиркунандаи асосии пиёз ба Қазоқистон Ӯзбекистон боқӣ мемонад. Тоҷикистон ба Қазоқистон маъмулан пиёз ва сирпиёз (чеснок) содир мекард, лекин имсол […]

Соли 2024 Қазоқистон хариди пиёз ва сирпиёзро аз Тоҷикистон хеле кам карда, ҳамагӣ 17,9 ҳазор ин навъи сабзавотро ворид намуд, ки 3,3 баробар камтар аз соли пешин (соли 2023) мебошад. Тавре ки Zakon.kz хабар медиҳад, содиркунандаи асосии пиёз ба Қазоқистон Ӯзбекистон боқӣ мемонад.

Тоҷикистон ба Қазоқистон маъмулан пиёз ва сирпиёз (чеснок) содир мекард, лекин имсол ҳаҷми содирот якбора кам шуд. Гуфта мешавад, ҳамчунин содироти меваи тару тоза, аз ҷумла зардолу, шафтолу ва ангур низ кам шудааст.

“Тавре ки мушоҳида мекунем, соли 2024 дар бозори сабзавоти Қазоқистон тағйироти назаррас сурат гирифт. Аз як тараф, ҳаҷми умумии вордот коҳиш ёфта, аммо арзиши он боло рафт. Сохтори воридот тағйир ёфт. Русия содиркунандаи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ боқӣ мемонад, лекин ҳиссаи Чин дар бозори сабзавот афзуд, дар ҳоле ки воридот аз кишварҳои анъанавӣ ба мисли Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз рӯи баъзе мавқеъҳо кам шуд”, – зикр кардааст таҳлилгари ширкати сармоягузории Tradereport.kz Ергази Таубаев.

Чаро воридот аз Тоҷикистон кам шуд?

Таҳлилгар бар ин назар аст, ки воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон ба якчанд омилҳо вобаста аст. Аввал, афзоиши воридот аз Чин сохтори бозори сабзавот дар Қазоқистонро ба таври қобили мулоҳиза тағйир дода, ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон ва Узбекистон кам шуд. Дуюм, сиёсати нархгзорӣ тағйир ёфт: сарфи назар аз афзоиши воридот, арзиши он боло рафт, ки аз зиёдшавии нарх ба маҳсулоти кишоварзӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ҳосили баланд дар худи Қазоқистон омили иловагӣ шуд, зеро талаботи истеъмоли дохилӣ 315 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳудуди1,1 млн тонна пиёз истеҳсол мешавад. Маҳсулоти зиёдатӣ қисман содир шуда, лекин захираҳои фурӯхтанашуда барои деҳқонон мушкил эҷод мекунад. Ғайр аз ин, маҳдудияти ҷоришуда аз ҷониби Қазоқистон ба содирот дар аввали сол дар шакли квота ва иҷозаҳо, ба тавозуни бозори дохилӣ ва воридотӣ таъсир расонид.

Сарфи назар аз барзиёд будани ҳосили худӣ, дар соли 2024 Қазоқистон фаъолона аз Тоҷикистон пиёз мехарид. Дар нимаи мавсим аз Тоҷикистон ҳудуди 70 ҳазор тонна бехпиёз харида шуд, ҳарчанд нисбат ба истеъмол дар ин кишвар 3,5 баробар зиёдтар чунин маҳсулот истеҳсол мешавад.

Дар соли 2024 ҳаҷми содироти пиёз аз Тоҷикистон 3,2 млн долларро ташкил додааст, ки ду баробар камтар дар муқоиса бо соли пешин аст. Харидори асосӣ Қазоқистон боқӣ монда, ба ҳиссаи он 60%-и содирот рост омад.

Тайи 8 соли ахир ҳаҷми содироти пиёз аз Тоҷикистон дар ҳоли тағйирёбӣ аст. Сатҳи ҳадди ниҳоӣ соли 2019 (7,69 млн доллар) ба қайд гирифта шуд, ки он замон харидори асосӣ Покистон (51%) буд. Дар солҳои дигар бозори бузургтарин Қазоқистон маҳсуб меёфт, ки ба ҳиссаи он аз 60 то 97%-и содирот рост меомад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.