Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар радабандии хидматрасониҳои хусусии томактабӣ, ки дар пойгоҳи маълумоти Numbeo нашр шудааст, Тоҷикистон миёни 127 кишвари саросари ҷаҳон зинаи 111-умро касб кардааст. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нарх пасттарин дар минтақа мебошад.

Ба ҳолати 13 марти соли ҷорӣ арзиши хидматрасониҳои кӯдакистони хусусӣ дар Тоҷикистон 104.32 доллар дар як моҳро барои 1 кӯдак дар муддати тамоми рӯз ташкил медиҳад.

Дар Қазоқистон ин хидматрасонӣ 240,6 доллар, Ӯзбекистон – 295,2 доллар ва Қирғизистон – 190,3 доллар нарх дорад. Туркманистон дар радабандӣ зикр нашудааст.

Дар сегонаи аввал (ТОП-3)-и радабандӣ, ки хидматрасониҳои кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҳама бештар гаронтаранд, Швейтсария (2803.34 доллар), Нидерланд (2004.48 доллар) ва Британияи Кабир (1620.42 доллар) қарор доранд.

Дар охири рӯйхат Покистон бо нархи 38,73 доллар, Шри Ланка – 34.41 доллар ва Бангладеш – 33.56 доллар ҷойгир шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз камбудиҳо дар кори муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард. Ӯ зикр кард, ки сарфи назар аз  таваҷҷуҳи зиёди ҳукумат ба рушди системаи томактабӣ дар ҷумҳурӣ, дар баъзе муассисаҳо то ҳол як қатор камбудиҳо ба назар мерасанд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷашни Рӯзи дониш зикр кард, ки дар Тоҷикистон ҳоло ҳам кӯдакистонҳо каманд.

Зикр шуд, ки соли ҷорӣ шумори муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон ба 720 адад расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдакон танҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд. Боз дар пойтахт 55 муассисаи томактабӣ барои 11,5 ҳазор нафар кӯдакон мавриди сохтмон қарор дорад. 

“Вале ин ҳанӯз хеле кам мебошад, зеро фарогирии кӯдакон дар миқёси кишвар ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад”, – ишора намуда буд президент.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...