Нигаронии вазири маориф аз кори кӯдакистонҳо дар Душанбе

Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал аз як қатор кӯдакистонҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе боздид карда, як қатор камбудиҳоро ошкор кардааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Вазорати маориф дар сомонааш хабар додааст, ки зимни боздид чанд мушкил, аз ҷумла, набуди интизом, ташкили […]

Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал аз як қатор кӯдакистонҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе боздид карда, як қатор камбудиҳоро ошкор кардааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати маориф дар сомонааш хабар додааст, ки зимни боздид чанд мушкил, аз ҷумла, набуди интизом, ташкили сусти раванди таълим ва бетартибӣ дар ҳудуди кӯдакистонҳо ошкор гардиданд.

 

Дар куҷо кадом мушкил ошкор шуд?

Вазорат мегӯяд, ҳангоми боздиди вазири маориф аз кӯдакистони №114-и ноҳияи Фирдавсӣ маълум гардид, ки мудири боғча дар ҷойи кор ҳузур надорад ва як гурӯҳ кӯдакон бе мураббӣ қарор доранд.  

Дар ин кӯдакистон вазъи таълиму тарбия нигаронкунанда арзёбӣ шудааст. 

Ҳамчунин, вазири маориф вазъи кӯдакистони №128-ро ҳам нигаронкунанда дарёфтааст. Дар ин муассисаи ба раванди ободонӣ ва нигоҳубини муҳит кам аҳамият медодаанд.

Дар кӯдакистони №89-и ноҳияи Сино вазири маориф мудири боғчаро дар ҷои кораш наёфтааст.

Вазорат мегӯяд, дар ҷои кор набудани роҳбари кӯдакистон боис шудааст, ки “таълимдиҳандагон дар вақти корӣ ба ҷойи таълим ба кӯдакон ва назорат намудани онҳо ба дигар корҳо машғул шаванд”. 

Ба навиштаи манбаъ, вазири маориф аз дидани ин камбудиҳо нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки “роҳбарият ва мураббияҳои боғчаҳо бояд дарк намоянд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ замина ё худ таҳкурсии асосӣ баҳри ояндаи насли наврас мебошад”.

“Аз ҳамин нуқтаи назар корҳои тарбиявӣ, илмомӯзӣ ва ободонӣ пеш аз ҳама бояд дар кӯдакистонҳо хуб ба роҳ монда шаванд. Дар боғчаҳо кӯдакон ҳамеша бояд таҳти таваҷҷуҳ ва парасторӣ қарор гиранд ва онҳо маҳз аз ин макон ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ободонии Ватанро дар ниҳоди худ ташаккул диҳанд”, – зикр кард вазир.

Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки барои бартараф кардани ин мушкилиҳо вазир чӣ дастур додааст.

Қаблан волидони кӯдакон чандин бор аз реҷаи кори кӯдакистонҳо шикоят карда буданд. Бисёре аз онҳо зикр карда буданд, ки вақти ба охир расидани рӯзи корӣ, ки соати 17:00 муқаррар шудааст, барои оилаҳо мушкилӣ пеш меорад, зеро вақти кории қисми зиёди волидон низ дар ҳамин вақт ба поён мерасад.

Дар навбати худ Раёсати маорифи Душанбе шарҳ дода буд, ки вақти кории кӯдакистонҳо соати 6:30-и субҳ оғоз гардида, соати 17:00 ба охир мерасад. Ин реҷаи кори ин муассисаҳо аст. Зикр шуда буд, ки пас аз анҷоми вақти рӯзи асосии корӣ соати 17:00 дар кӯдакистон бояд мурабби навбатдор монад: ӯ бо кӯдаконе мемонад, ки волидонашон дертар онҳоро мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.