“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саросари ҷумҳурӣ фақат як рӯз интиқоли барқ қатъ намешавад. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 21-уми март дар тамоми кишвар барқ таъмин мешавад ва дар дигар рӯзҳои наврӯзӣ маҳдудият ё худ “лимит” боқӣ мемонад.

“Ҳоло дар обанбори Норак об ба миқдори лозима ҷамъ нашудааст, аз ин рӯ, дар ҳама рӯзҳои ҷашни Наврӯз маҳдудияти интиқоли барқ боқӣ мемонад”, – шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.

Сухангӯи “Барқи тоҷик” афзуд, ки ҳоло дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ реҷаи таъмини барқ ба аҳолӣ бозбинӣ шуда истодааст ва интизор меравад, ки дар оянда соатҳои интиқоли нерӯи барқ бештар шавад.

Ба гуфтаи масълулин, ҳоло сокинон дар як шабонарӯз 8 соат барқ бояд гиранд: субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва шом аз соати 17:00 то 21:30. Дар ҳамин ҳол, аҳолӣ аз риоят нашудани ин реҷаи тасдиқшуда шикоят доранд.

Ғайр аз ин, сухангӯи “Барқи тоҷик” гуфт, ки дар рӯзи иди Рамазон ҳам дар саросари ҷумҳурӣ барқ таъмин мешавад. Рӯзи иди Рамазонро Шӯрои уламои Тоҷикистон муайян мекунад.

Аммо, ба гуфтаи масъулин, то ҳол маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар кай барҳам дода мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи октябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раиси ҷумҳур ҳамакнун аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман хабар медиҳад.

Соли гузашта аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...