Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон

Русия ва Тоҷикистон хадамоти чандрасонаӣ (мултимедиявӣ)-ро роҳандозӣ намуданд, ки ҷиҳати табодули маълумот дар бораи шаҳрвандон дар реҷаи онлайн барои ошкор кардани ҷинояткорон имкон медиҳад. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон ба шабакаи телевизиони "Россия" хабар додааст. Бино ба маълумоти хабаргузории ТАСС, вазир таъкид доштааст, […]

Asia-Plus

Русия ва Тоҷикистон хадамоти чандрасонаӣ (мултимедиявӣ)-ро роҳандозӣ намуданд, ки ҷиҳати табодули маълумот дар бораи шаҳрвандон дар реҷаи онлайн барои ошкор кардани ҷинояткорон имкон медиҳад. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон ба шабакаи телевизиони "Россия" хабар додааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории ТАСС, вазир таъкид доштааст, ки мубориза бо ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон танҳо бо талошҳои муштарак имконпазир буда, аз ин рӯ, Маскав ва Душанбе ба табодули иттилоот байни ҳамдигар тақвият мебахшанд.

"Ҳоло барои табодули чунин маълумот дар реҷаи онлайн таҷҳизоти чандрасонаӣ роҳандозӣ шуд. Барои чӣ? Барои он ки шахси дар ватани худ ҷиноятҳои вазнин содиркарда дигар натавонад ба ин ҷо омада, фаъолияти ҷинояткоронаии худро идома диҳад", – изҳор доштааст Колоколтсев.

Ӯ шарҳ додааст, ки шахси ҷинояткор дар кишвари худ зери назорат қарор дорад, аммо ҳангоми ворид шудан ба Русия "ӯ дар байни ҳамватанони худ нопадид мегардад ва муайян кардани фаъолияти ғайриқонунии ӯ барои мо душвор мешавад".

Ёдрас мекунем, ки зимни изҳороти матбуотии сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Русия, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки “байни хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мо ҳамкории зич ва пурсамар ба роҳ монда шуда, ин ҳамкорӣ солҳои охир натиҷаҳои мушаххас медиҳад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.