Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд

Афсарону сарбозони Тоҷикистон аввали моҳи май ба хотири ширкат дар сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80- солагии Ҷашни Ғалаба ба Русия мераванд. Аммо ҳоло маълум нест, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд сарбозу афсар иборат хоҳад буд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Гузашти низомӣ бахшида ба 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар […]

Афсарону сарбозони Тоҷикистон аввали моҳи май ба хотири ширкат дар сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80- солагии Ҷашни Ғалаба ба Русия мераванд. Аммо ҳоло маълум нест, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд сарбозу афсар иборат хоҳад буд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Гузашти низомӣ бахшида ба 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав рӯзи 9-уми май пешбинӣ шудааст.

Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ки то кунун 10 кишвар ширкаташро тасдиқ кардааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол Қирғизистон ширкати низомиёнаш дар ин гузашти ҳарбиро тасдиқ карда, гуфтааст, 80 тан низомиёни Гвардияи миллии кишвараш ба Маскав мераванд.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Ҳар сол рӯзҳои 9 май ва 22 июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.