Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (9-0) дар мусобиқаи RCC Boxing Promotion бо варзишгари ӯзбек Нодирбек Соибов (9-1) қувваозмоӣ намуда, дар се раунд бо нокаути техникӣ бар ҳарифаш ғолиб дониста шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти промоушени RCC Boxing хабар медиҳад. Қувваозмоии ду намояндаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи рақобатҳо (кардҳо)-и пешакии шоми бокс дар толори […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (9-0) дар мусобиқаи RCC Boxing Promotion бо варзишгари ӯзбек Нодирбек Соибов (9-1) қувваозмоӣ намуда, дар се раунд бо нокаути техникӣ бар ҳарифаш ғолиб дониста шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти промоушени RCC Boxing хабар медиҳад.

Қувваозмоии ду намояндаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи рақобатҳо (кардҳо)-и пешакии шоми бокс дар толори Академияи муҳорибаҳои РМК-и шаҳри Екатеринбурги Русия доир гардид.

Намояндаи Ӯзбекистон низ то ин рақобат ба мағлубият дучор нашуда буд. Рақобат аз оғоз бо бартарии пурраи Баҳодур сурат гирифта, пас аз раунди сеюм мураббиёни Нодирбек тасмим гирифтанд, ки қувваозмоиро қатъ мекунанд, зеро идомаи он барои саломатии дастпарварашон хатар дошт. Рақобат 8 раунд пешбинӣ шуда буд.

Ба ин тариқ муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар фаъолияти касбии худ ҳоло боре ҳам дар ягон рақобат шикаст нахӯрда, мағлубнашуда боқӣ мемонад.

Дастовардҳои Баҳодур Усмонов

Баҳодур Усмонов 21 декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Муштзан миёни ҳаваскорон ва касбист, ки дар дараҷаҳои вазни сабук ва нимасабуки якум ҳанарнамоӣ мекунад.

Иштирокчии Бозиҳои олимпии соли 2020. Дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (соли 2023). Қаҳрамони Осиё (соли 2019). Ду маротиба ҷоизадор (медалҳои битринҷӣ)-и Чемпионати Осиё (солҳои 2021 ва 2022). Қаҳрамони чандинкарата ва ҷоизадори мусобиқаҳои Тоҷикистон ва мусобиқаҳои байнулмилалӣ миёни ҳаваскорон.

Иштирокчии мусобиқаи даставии нимакасбии «Лигаи бокс. Ҷоми интерконтиненталӣ» (2022). Мавқеи беҳтарин тибқи радабандии BoxRec – 63-ум (майи соли 2023). Усмонов аввалин варзишгар байни муштзанони тоҷик аст, ки ба феҳристи 65 беҳтарин муштзанон дар вазни сабук шомил шудааст.

Моҳи ноябри соли 2024 Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар Пекин бар муштзани Чин Ван Ле Куан дастболо шуда, ба даври нимфиналии Гран-при роҳ ёфта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.