Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон. Дар куҷо ва нарх чӣ гуна аст?

Ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон дар баъзе нуқтаҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳoи фурӯши маҳсулоти хӯрока ташкил гардидааст, ки нархи маҳсулот дар он нисбати ба бозорҳо арзонтар аст. Ярмаркаҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз аз 16 то 20-уми март ва ба муносибати Иди Рамазон аз 25 то 30-уми март идома мекунад.  Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон дар баъзе нуқтаҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳoи фурӯши маҳсулоти хӯрока ташкил гардидааст, ки нархи маҳсулот дар он нисбати ба бозорҳо арзонтар аст. Ярмаркаҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз аз 16 то 20-уми март ва ба муносибати Иди Рамазон аз 25 то 30-уми март идома мекунад. 

Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”-и пойтахт, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (рӯбарӯи беморхонаи “Шифобахш”, маъруф ба “Қарияи боло”) ва даромадгоҳи боғи Куруши Кабир дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешаванд.

Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, маҳсулоти донагӣ ва сабзавоту мевагиҳоро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Масалан, дар фурӯшгоҳи назди боғи "Курӯши Кабир" 1 кг гӯшт 60 сомонӣ, картошка 4,5 сомонӣ ва себ 4-10 сомонӣ аст.  

Бояд гуфт, ки ярмаркаҳо бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии зпхираҳои моддии давлатӣ ва “Тоҷикматлубот” ташкил шудааст. 

Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Вале баъзан сокинон аз сифати маҳсулоте, ки дар ин ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта мешавад, нигаронӣ мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.