Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд

Ҳамаи 200 нафар дирӯз, 21-уми март асосан аз зиндонҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон озод шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки аз ин шумора 53 нафар зан ва 147 каси дигар мард ҳастанд. Дар миёни озодшудагон 27 нафар ноболиғ ҳам буданд. Аз ҷумла: – аз Муассисаи ислоҳии 3/6 (низоми умумии […]

Asia-Plus

Ҳамаи 200 нафар дирӯз, 21-уми март асосан аз зиндонҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон озод шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки аз ин шумора 53 нафар зан ва 147 каси дигар мард ҳастанд. Дар миёни озодшудагон 27 нафар ноболиғ ҳам буданд.

Аз ҷумла:

– аз Муассисаи ислоҳии 3/6 (низоми умумии ноҳияи Ёвон) 98 нафар;

– аз Муассисаи ислоҳии 3/4 – Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 22 нафар;

– аз Муассисаи ислоҳии 3/8 (занона дар шаҳри Норак) 53 нафар;

– аз Муассисаи тарбиявии 3/12 (ноболиғон) 27 нафар озод шуданд.

Ба навиштаи манбаъ, аз Муассисаи ислоҳии 3/4-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчунин 237 зиндонӣ марҳила ба марҳила озод мегарданд.

Номи зиндониҳое, ки раҳо шудаанду мешаванд, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ аз қавли Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, навишт, ки рӯйхатро комиссияи ҳукуматӣ тартиб додааст ва онро ба зудӣ дастрасу нашр мекунанд.

"Рӯйхат дар дасти ҳукумат аст. Дар онҷо занҳо бисёранд. Як қисмаш имрӯз баромад. Махсусан онҳое, ки дар муассисаи ислоҳӣ кӯдак доранд. Авф хуб аст. Ман ҷонибдори авф ва бахшидани гуноҳ астам," – афзудааст ӯ.

Мансурҷон Умаров дар мавриди эҳтимоли раҳоии баъзе аз хабарнигорон ва фаъолону сиёсатмадорони зиндонӣ посух надода, гуфтааст, ки беҳтар аст, мунтазири нашри рӯйхат бимонем.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта, 20-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон "бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон" фармонеро имзо кард, ки тибқи он 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод мешаванд.

Бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ авфи саротосари эълон шуда буд, ки он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.

Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13,5 ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.