Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ

Пулиси шаҳри Душанбе як кирокашро барои аз меъёр зиёд талаб намудани ҳаққи роҳкиро ва “дағалона муносибат намудан” ба сайёҳи эронӣ боздошт кардааст. Мақомот дар саҳифаи телеграми худ дар ин бора иттилоъ дода, навиштааст, “Н.Қ, ки ронандаи ҶДММ “САФРОРИЁН” мебошад, зимни хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати муроҷиаткунандагон дағалона муносибат намуда, маблағи роҳкироро зиёд талаб кардааст”. Назари худи ронанда […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Пулиси шаҳри Душанбе як кирокашро барои аз меъёр зиёд талаб намудани ҳаққи роҳкиро ва “дағалона муносибат намудан” ба сайёҳи эронӣ боздошт кардааст.

Мақомот дар саҳифаи телеграми худ дар ин бора иттилоъ дода, навиштааст, “Н.Қ, ки ронандаи ҶДММ “САФРОРИЁН” мебошад, зимни хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати муроҷиаткунандагон дағалона муносибат намуда, маблағи роҳкироро зиёд талаб кардааст”.

Назари худи ронанда нисбати ин иттиҳом маълум нест. Гуфта мешавад, нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шудаанд, аммо дақиқ гуфта намешавад, ки чӣ чораҳо.

Дар як навор сайёҳи эронӣ ба пулис барои расидагӣ ба шикояташ изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, дар фурудгоҳ ба ӯ рақами пулиси сайёҳиро доданд ва бо пеш омадани мушкил ба он рақам муроҷиат кард. Сайёҳи эронӣ гуфтааст, “пулиси сайёҳии шаҳри Душанбе фавран ба шикояти онҳо расидагӣ кардааст”.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода буд, ки барои дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ хати телефони фаврӣ ташкил кардааст.

Гуфта мешуд, ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба рақамҳои 118-200-200  аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то -ҷумъа) мустақиман тамос гиранд ва дар дигар вақтҳо тариқи паёмрасонҳои Whatsapp ё Telegramи рақамҳои боло муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, баъди лағви раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ва даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз эрониён теъдоди сайёҳони эронӣ дар Тоҷикистон афзуд. Махсусан, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба навиштаи баъзе манбаъҳо то 2 ҳазор сайёҳи эронӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Бо омадани сайёҳони зиёд мушкили кӯҳнаи пойтахт – кирокашонии номуназзам ва муносибати дағалу талаби ҳақи зиёд барои хидматрасонӣ, бори дигар расонаӣ шуд. Зеро қаблан низ сайёҳон ва сокинони пойтахт аз хадамоти кирокашонӣ дар Тоҷикистон борҳо интиқод карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.